ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз гуфт, супоришҳои қаблияш дар мавриди ташкили корхонаи коркарди пӯсту мӯина ва мағозаи маҳсулоти тайёр иҷро нашудааст.
"Гарчанде ҳангоми сафарҳои қаблӣ ба ноҳия ҷиҳати таъсис додани корхонаи хурди коркарди пӯсту мӯина ва ташкили мағозаҳои фурӯши маҳсулоти тайёр дар ноҳия ва шаҳри Душанбе супоришҳои мушаххас дода будам, вале тибқи маълумот иҷрои онҳо таъмин нашудааст", — изҳор доштааст раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати ВМКБ, ноҳияи Дарвоз ва дигар сохтору мақомоти дахлдор то охири соли ҷорӣ муҳлат додааст, ки иҷрои супоришҳои додашудаашро таъмин намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар гузориши муфассал пешниҳод намоянд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон баробари дастовардҳои Дарвоз дар бахшҳои гуногун инчунин зикр кардааст, ки аз 5 корхонаи саноатӣ ду ададашон аз фаъолият бозмондаанд.
"Тибқи маълумот соли 2017 дар корхонаҳои саноатии ноҳия дар ҳаҷми 56 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2016-ум қариб се баробар зиёд мебошад. Вале дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ назар ба ҳамин давраи соли 2017 7 фоиз коҳиш ёфтааст", — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро муваззаф кардааст, ки барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангу масъулияти соҳибкорон, зиёд намудани ҳаҷми пешниҳоди қарз ва дастрасӣ ба он чораҳои зарурӣ андешанд.