Ашраф аз Дилшод дар БО - 2018 пеш гузашт: узрхоҳии Назаров аз мухлисони Тоҷикистон

Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бозиҳои Осиё - 2018 натавонист медали тилло ба даст орад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дилшод Назаров, варзишгари тоҷик дар Бозиҳои Осиё — 2018 дар Ҷакарта гурзро ба масофаи 74,16 метр ҳаво дода, ҷои дуюмро гирифт. Назаров бо нашри як изҳорот аз мухлисон барои он, ки натавонистааст, чорумин медали тиллои бозиҳои осиёиро ба даст орад, узр хостааст. 

"Ҳама чиз ҳанӯз дар пеш, Тоҷикистон ба пеш", — изҳор доштааст Дилшод Назаров

Медали тиллоро Ашраф Алсайфӣ, варзишгари 23-солаи қатарӣ соҳиб шуд, ки гурзро ба андозаи 76,88 метр партофтаст.

Мақоми сеюм ва медали биринҷиро Суҳроб Хоҷаев, гурзандоз аз Узбакистон бо нишондоди 74,06 метр ба даст овардааст.

Бозиҳои Осиё — 2018 феълан дар Индонезия ҷараён доранд. Тими Тоҷикистон дар ҳайати 100 нафар, аз ҷумла беш аз 80 варзишгар дар ин бозиҳо иштирок доранд.