Торихи сафарҳои Раҳмон ба Узбакистон: аз мухолифатҳо дар сохтмони Роғун то тӯҳфаи Каримов

Ба наздикӣ раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Узбакистон меравад, ин сафар севумин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik, Вадим Попов. Рӯзи сафари кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон дақиқ шуд. Сафар ба 17-18 август ба нақша гирифта шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бори аввал дар 17 соли охир бо сафари расмӣ ба Узбакистон меравад. Пештар Эмомалӣ Раҳмон чанд маротиба ба Тошканд сафар дошт, аммо чун раиси ҷумҳури кишвари ҳамсоя танҳо ду маротиба вориди Узбакистон гашт.

Sputnik Тоҷикистон кай ва барои чӣ ба  Узбакистон рафти Эмомалӣ Раҳмонро тавзеҳ медиҳад.

Нахустин сафар — бо умеди нек

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото

 

Бештар аз 20 сол пеш Эмомалӣ Раҳмон ба сифати президенти Тоҷикистон аввалин сафари худро ба пойтахти Узбакистон анҷом дод. Ин сафар 4 январи соли 1998 сурат гирифтааст.

Роҳбари кишваре, ки ба тозагӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ пирӯз шуда буд, барои барқарор намудани муносибатҳои шахсӣ бо раисҷумҳур Ислом Каримов ба Узбакистон рафт. Ин кишвар дар рафти ҷангҳои шаҳрвандӣ  бо баҳонаи пешгарӣ аз вуруди ҷангиёни мухолифин марзашро бо Тоҷикистон минакорӣ карда буд. Ҳамчунин Каримов дар масъалаи анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари ҳамсоя,  хулосаҳои худро дошт.

Ба Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани муносибат бо раисҷумҳури кишвари ҳамсоя муҳим буд.

"Ин сафар ба барқароршавии муносиботи Тоҷикистону Узбакистон такони назаррас бахшид. 4 феврали ҳамин сол нахуствазири Узбакистон Султонов У. С. ба Душанбе омада буд", — қайд карда мешавад дар вебгоҳи ВУХ Тоҷикистон.

Сафари дувум — тӯҳфаи Ислом Каримов

Комисиияи оштии миллӣ дар Тоҷикистон кори худро соли 2000 ба анҷом расонид, аммо муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Узбакистон ҳанӯз ҳам сард буданд.

Тошканд дар сохтмони НБО Роғун дар дарёи Вахш муқобилияти шадид нишон дод. Нерӯгоҳ барои Тоҷикистон бисёр муҳим буд.

Ҳамсари Каримов: Ислом дар дидори якум пешниҳоди ҳамсарӣ кард

Ба Каримове, ки мехост фишангҳои нуфузи сиёсиро ба ҳамсояҳо дар дасти худ нигоҳ дорад, ин иқдом маъқул набуд. Зеро Узбакистон пештар ба Тоҷикистон барқ мефурухт. Афзун бар ин, нерӯгоҳи нав ба Душанбе имкон медод, ки дар захираҳои обиро идора кунад.

Тошканд бо баҳонаи амнияти сокинон ба ин иқдоми муҳими Тоҷикистон муқобилият нишон медод: ба гуфтаи онҳо, агар сарбанди ин нерӯгоҳ тахриб шавад, минтақаҳои зиёди Осиёи Марказӣ хароб мешаванд.

Афзун ба иддаоҳои ҳудудӣ, масъалаи об садди роҳи беҳбудии муносибатҳои ду кишвар гашт. Аммо бояд муносибатҳоро барқарор мекард. Маҳз бо ҳамин мақсад 5 октябри соли 2001 Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Узбакистон рафт.

Президент Узбекистана Ислам Каримов и президент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммит ШОС в Душанбе. Архивное фото.

Он вақт дар изҳороти муштараки ду ҷониб роҳҳои асосии ҳалли тамоми мушкилоти байни Тоҷикистону Узбакистон нишон дода шуда буд.

Қариб як сол пас, 5 октябри соли 2002  Созишномаи марзи давлатии байни Тоҷикистону Узбакистон ба имзо расид. Ин рӯйдод барои Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаи махсусе гардид. Аммо дар пеш 15 соли сардӣ дар торихи муносибатҳои ду кишвари дӯст буд.

Севумин сафар — видоъ бо Каримов

Бори севум Эмомалӣ Раҳмон бо ваҷҳи тасодуфие вориди Узбакистон шуд — 2 сентябр раисҷумҳур Ислом Каримов вафот кард. Ҳарчанд муносибатҳои роҳбари Тоҷикистон бо ин кишар начандон хуб буданд, Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти хотири Ислом Каримов ба ин кишвар рафт.

Грозин: Мирзиёев не, Ислом Каримов ба Тоҷикистон дасти оштӣ дод

Бояд қайд кард, ки ширкат дар маросими видоъ бо Ислом Каримов иқдоми шахсии Эмомалӣ Раҳмон буд. Сафар ба маросими дафн ба Самарқанд мақсади сиёсие надошт, балки аз гиромидошти шахсияту анъанаи муштараки ду миллат шаҳодат медод. Новобаста аз муносибатҳои ду роҳбар, хизматҳои  Ислом Каримовро дар рушди Узбакистон нодида гирифта намешуд.

Прощание с президентом Узбекистана И. Каримовым

Узбакистон бо роҳбарии Ислом Каримов тавонист солҳои вазнини пасошӯравиро паси сар кунад, аммо дар масъалаи мушкилиҳои умумии Осиёи Марказӣ ҳамагуна нофаҳмиро сарфиназар мекард. Маҳз бо ҳамин рӯҳия ду кишвар ба давраи нави муносибатҳо қадам ниҳоданд.

Сафари қарибулвуқӯи Раҳмон ба Узбакистон чорумин аст. Сафари ҷавобии раисҷумҳур бо даъвати раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, ки баҳори соли равон ба Тоҷикистон омад, рӯзҳои 17-18 август сурат мегирад. Эмомалӣ Раҳмон аз Тошканд ва Самарқанд дидан хоҳад кард.

Дар номгӯи мавзӯъҳои асосиии гуфтушунидҳо, коршиносон мувофиқа дар масъалаи минтақаи марзии байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Сирдарёи Узбакистонро муҳим номбар мекунанд. Изҳори умедворӣ карда мешавад, ки роҳбарон ба мувофиқа мерасанд ва ин мушкилӣ пурра бартараф мешавад.

Порлумони Тоҷикистон созишномаи марзӣ бо Узбакистонро тасвиб кард

Афзун бар ин, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард. Айни замон Узбакистон бо мақомоти расмии Кобул дар ҳалли масъалаи тундгароӣ ва ифродагроӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад.

Тоҷикистону Узбакистон бо мақсади амният дар Осиёи Марказӣ нақша дорад, ки роҳҳи ҳалли мушкилиро якҷо пайдо кунанд.

Бахши дигари муҳими малоқоти Раҳмон ва Мирзиёев НБО Роғун ва захираҳои обии минтақаъ хоҳад шуд. Ҳарду ҷониб умед доранд, ки дар ин масъала роҳи ҳалли созандаеро пайдо мекунанд. Шавкат Мирзиёев аллакай изҳор дошт, ки мехоҳад дар сохтмони Роғун ширкат кунад ва бо ҳамин роҳ ҳамкориҳои ду кишварро дар масоили обӣ тақвият бахшад.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Кишварҳо дар умум 23 санад ба имзо хоҳанд расонид. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар соҳаи кинематография ва умури гидрометеорологӣ низ ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд.

Аз ҳама муҳим, Тоҷикистону Узбакистон дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ созишнома мебанданд.

Ёдрас мешавем, пас аз иваз шудани роҳбари Узбакистон муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон бамаротиб беҳтар шуд ва рушд кард. Тарафҳо на танҳо дар кишварҳои ҳамдигар рӯзҳои фарҳангӣ баргузор карданд, балки чанд намоишгоҳи тиҷориву иқтисодӣ баргузор намуда, дар рафти он ба чандин миллион доллар созишнома бастанд. Байни Тоҷикистону Узбкастон низоми раводид лағв шуда, роҳҳои ҳавоиву оҳанӣ барқарор ва гузаргоҳҳо боз шуданд.