Ба раисиҷумҳур писанд нашуд: дастури назорати сифати либосу лавозимоти мактабӣ

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дастур додааст, ки аз фурӯши маҳсулоти пастсифати мактабӣ дар растаҳо ҷилавгирӣ шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Муҳаммадзода зимни ифтитоҳи ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ дар Хуҷанд аз фурӯшандагон хоҳиш кардааст, ки ба хонандагон маҳсулоти босифат пешниҳод кунанд. Ӯ масъулинро муваззаф намудааст, ки ин масъаларо зери назорат гиранд.

Раиси Хуҷанд хостааст, ки аз фурӯши молу маҳсулот бо аксҳои тарғиботи зӯроварию ба фарҳанги мо бегона ҷилавгирӣ карда шавад.

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз сифати истеҳсоли сарулибоси мактабӣ дар пойтахт

Муҳаммадзода ҳангоми шиносоӣ аз растаи либосҳои ватанӣ ба анвои он ва матоъҳои истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид дошт, ки тамоми корхонаҳои шаҳр, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғуланд бояд аз матоъҳои ватанӣ истифода намоянд.

Таъкиди мақомдорон ба сифати либосу лавозимоти мактабӣ дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур Тоҷикистон низ аз сифати он интиқод намуд.

"Волидайни хонандагон аз сифат ва тарҳи дӯхти либосҳои мактабӣ қаноатманд нестанд ва бо ин сабаб қисми зиёди либосҳо дар анборҳо боқӣ мондааст", — таъкид кард раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон мақомотро вазифадор кард, ки масъалаи истеҳсоли сарулибоси мактабии сифатнок ва дӯхт бо тарҳи замонавиро ба роҳ монанд.