Ҳазорҳо донишҷӯёни туркман дар Тоҷикистон бепул монданд

Чаҳор ҳазор донишҷӯи туркманистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон тайи чанд моҳи ахир ба далели қатъи ирсоли пул аз кишварашон, бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "Парс тудэй", ин мушкил ба хотири мамнуъияти интиқоли манобеи молӣ аз сӯи банкҳои Туркманистон эҷод шудааст.

Дар пайи камбуди арзҳои хориҷӣ дар дохили Туркманистон, интиқоли пул бо кортҳои бонкӣ аз ин кишвар ба хориҷ қатъ шуда, ки пардохти ҳазинаи таҳсили донишҷӯёни туркманро дар донишгоҳҳои Тоҷикистон бо мушкил мувоҷеҳ кардааст.

Раиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо ду ҳазор донишҷӯи туркман, бо таъйиди ин мушкил гуфтааст, ин афрод наметавонанд ҳазинаи таҳсили худро пардохт кунанд ва волидайни онон аз имкони интиқоли пул ба фарзандонашон ба далели баста шудани ҳисобҳо ва қатъи кортҳои бонкӣ маҳрум шудаанд.

Ба гуфтаи Носирҷон Салимӣ, бештари донишҷӯёни Туркман бар асоси қарордод, бо пардохти ҳазинаи омӯзишӣ дар риштаҳои забони русӣ, англисӣ ва химия дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Ҳазинаи солонаи ин барнома 500 доллар бидуни маскан ва ғизо аст, ки дар муқоиса бо донишгоҳҳои кишварашон ба маротиб арзонтар аст.

Ба далели камбуди манобеи арзӣ ва афзоиши арзиши арзҳои хориҷӣ дар баробари манати Туркманистон, ҳукумати ин кишвар иқдом ба мамнуъияти интиқоли арз ба хориҷ кардааст, ки мушкилотеро барои донишҷӯёни туркман дар хориҷ, аз ҷумла Тоҷикистон барои пардохти ҳазинаи таҳсилӣ эҷод кардааст.