Куҳансолеро ҳамсари ҷавонаш латукӯб намуда, куштааст...

Муттаҳам 3 июн, тақрибан соати 12:30 дар заминҳои канори ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол карда, бо мушту лағат якчанд маротиба ба пушти сари ҷабрдида задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Мӯйсафедеро ҳамсари ҷавонаш ба қатл расонид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, 4 июн, тахминан соатҳои 12:00, аз заминҳои деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор ҷасади марди 78-солаи сокини деҳаи Гулшан, бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо гардидааст.

"Ҳангоми гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса, ҳамсари мӯйсафед, зани 31-солаи сокини деҳаи мазкур, ки пеш бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Тафтишот муайян кардааст, ки муттаҳам 3 июн, тақрибан соати 12:30 дар заминҳои канори ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол карда, бо мушту лағат якчанд маротиба ба пушти сари ҷабрдида задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мутаасифона ин ҳодисаи фоҷиабори бори аввал нест, ки ҷомеаи кишвар сар мезанад.

Чунончӣ, чанде пеш хабар дода шуд, ки дар шаҳри Ваҳдат писаре падари 60-солаашро кушта буд. Ё моҳи январи соли равон дар вилояти Суғд зани 60-солае шавҳари 70-солаашро ба қатл расонид. Дар бештари мавридҳо муҷримон дар пайи ҷанҷоли хонаводагӣ даст ба қасди ҷони наздикони худ мезананд.