Дигар фиреб намехӯред: дар бозорҳои Душанбе тарозуҳои назоратӣ насб шуд

Дар тамоми растаҳои бозорҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе аз 1 то 4 адад тарозуҳои аз санҷиши мутобиқати давлатӣ гузаронидашуда насб гардидаааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар болои онҳо навиштаҷоти "Тарозуҳои назоратӣ" овезон шудааст, хабар медиҳад Ожонси стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Минбаъд ҳар як харидор метавонад ҳангоми шубҳа пайдо намудан ба миқдори маҳсулоти ғизоии харидааш аз ин воситаҳои ченак истифода барад.

Шаҳрдорӣ: Ҷойи бозори "Шоҳмансур"-ро Маркази тиҷории замонавӣ мегирад

Ба иттилои манбаъ, чанде пеш бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тариқи истифодаи тарозу ҳангоми харидории маҳсулоти ғизоӣ роҳбарияти Ожонсӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар бозорҳои шаҳри Душанбе мониторинг гузаронидаанд.

Дар паи ин санҷиш муайян шудааст, ки аксари онҳо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ" ва стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон СТ ҶТ 1066-2005, "Хизматрасонӣ дар бозорҳо" ҷиҳати дар ҷойҳои муайяни бозор гузоштани тарозуҳои назоратӣ риоя намегардад.

"Барои бартараф намудани камбудии мазкур ва ба тартиб даровардани истифодабарии тарозуҳои назоратӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо роҳбарону масъулони бозорҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа масъалаи мазкур то ҳадди зарурӣ ҳалли худро пайдо намуд",- иттилоъ дод манбаъ.

Ҳамин тавр, дар тамоми растаҳои бозорҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе аз 1 то 4 адад тарозуҳои аз санҷиши мутобиқати давлатӣ гузаронидашуда насб гардидаааст.