Сармураббии дастаи "Истиқлол" Муҳсин Муҳаммадиев истеъфо дод

Муҳаммадиев пеш аз тамрини шомгоҳии дастаи "Истиқлол" рӯзи 22 май, дар бораи ин тасмими худ хабар додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Сармурабии дастаи футболи "Истиқлол" Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев бо хоҳиши худ аз вазифаи сармурабии ин даста истеъфо дод, хабар медиҳад равобити умумии ин даста.

Гуфта мешавад, ки Муҳсин Муҳаммадиев пеш аз тамрини шомгоҳии даста рӯзи 22 май ӯ дар бораи ин тасмими худ хабар додааст.

Раҳбарияти даста хоҳиши Муҳаммадиевро қонеъ карда, ӯро аз иҷрои вазифаҳо дар ситоди мураббиёни даста озод кардааст.

Ягона голро дар бозии "Истиқлол" ва "Панҷшер" футболбози белорусӣ зад

Қайд мешавад, ки дар бозиҳои боқимондаи мавсими имсола иҷрои вазифаҳои сармурабии дастаи шаш маротиба қаҳрамони футболи Тоҷикистон ба уҳдаи Алишер Тӯхтаев вогузор мегардад.

Дар сомонаи расмии худ тими "Истиқлол" ба Муҳсин Муҳаммадиев барои фаъолияти муштарак миннатдорӣ изҳор намуда, дар фаъолияти минбаъдаи мураббигияш комёбиҳо орзу кардааст.

Муҳсин Муҳаммадиев охири соли 2016 дастаро ба роҳбарӣ гирифта, то ин муддат чандин маротиба дар мусобиқаи Лигаи олии футболи мамалакат, Суперҷом, ду маротиба Ҷоми ФФТ пирӯз ва бо "Истиқлол" ба даври финалии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфт.