Бо дафу доира: навори пешвози Меҳрона дар фурудгоҳи Душанбе

Ба пешвози Меҳрона ёру дӯстон, устодони коллеҷи ба номи Аҳмад Бобоқулов, мухлисон ва хешовандон омада буданд
Sputnik

Меҳрона Ғайбуллоева таҳти навои доира ва сурнаю карнай ба хоки Тоҷикистон қадам монд.

"Ба ман хеле писанд омад (пешвози мардум-шарҳ аз идора). Ман шокӣ шудам! Таассуроти ғайривоқеъӣ дорам. Ман аз ҳамаи шумо миннатдорам, ҳамаи шуморо дӯст медорам, сипос барои чунин туҳфа. Боке нест, ки ба даври ниҳоӣ роҳ наёфтам. Бо ин зиндагӣ ба охир намерасад, ман дар оянда ҳам овозхонӣ мекунам ва номи коллеҷу Тоҷикистонро баланд мебардорам", — гуфт Меҳрона бо табассуми зебо.

Меҳрона дар бораи оштӣ бо холааш: чашмони ӯ аз гиря варам карда буд. Навор

Меҳрона ҳунарнамоиро ҳануз аз синфи як дар консертҳои мактабӣ шуруъ кардааст. Чанд сол пеш ҳатто бо репсарои машҳури тоҷик Master Ismail овозхонӣ кард ва фаҳмид, ки аслан аз саҳнаи бузург наметарсад, баръакс худро хеле озод эҳсос мекунад.

Шуруъ аз он замон борҳо дар консертҳои шаҳрӣ ҳунарнамоӣ карда, соле пеш ҳатто дар озмуни сарояндагони ғайриҳирфаӣ — "Ориоке" барандаи ҷойи дувум шуд.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд. Дар мавсими дувуми озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.