КДАМ ду соат сарвазири пешини Қирғизистонро бозпурсӣ кард. Навор

Нахуствазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқовро Кумитаи давлатии амнитяи миллии ин кишвар, ду соат бозпурсӣ кардааст
Sputnik

КДАМ аз саоти 15:00 то 17:00 сарвазири пешини Қирғизистонро бозпурсӣ кардааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ба гузориши манбаъ, Исҳоқов дар доираи парвандаи ҷиноятии садама дар маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек, ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мешавад.

Ҳангоми баромадан аз бинои КДАМ Исҳоқов ба рӯзноманигорон гуфт, ки ӯро дар бораи фаъолияти дастгоҳи раисҷумҳур пурсидаанд.

Сафар Исҳоқов, наздики ҳашт моҳ сарвазири Қирғизистон буд. Ҳафтаи гузашта, пас аз раъйи беэътимодии порлумон, бо фармони Сооронбой Жээнбеков аз симматаш барканор шуд.