Як марди тоҷик дар Русия аз рашк зану фарзанд кушт

Аз рашк як марди муҳоҷире аз Тоҷикистон чанд маротиба ба зан ва фарзандаш корд зад, пас аз даст задан ба ин ҷиноят вай мехост ба Тоҷикистон фирор кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар Иркутск як муҳоҷири тоҷик зан ва фарзандашро кушт, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Бегоҳии 13 март ба полис як сокини шаҳри Иркутск муроҷиат карда, хабар додааст, ки дар манзилаш ҷасади зан ва кӯдаки хурдсолеро пайдо кард.

Тафтишот муайян кард, ки ин ҷиноятро як сокини 26-солаи Тоҷикстон, ҳамсари зани кушташуда содир карда будааст.  Вай иқрор шудааст, ки манзилеро кирояи шабонарӯзӣ карда, бо ҳамсар ва кӯдаки якунимсолааш ба он ҷо омада буд.  Ин мард ҳамсари худро ба хиёнат муттаҳам кардааст.

Ин мард чанд маротиба ба зан ва фарзанди хурдсолаш корд мезанад. Пас аз даст задан ба ҷиноят кӯшиши фирор ба Тоҷикистон мекунад.

Ҳоло муттаҳам ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистонро зиндони абад дар Русия интизор аст.

Ҳангоми боздошт, ин ҷавон мегӯяд, ки манзилеро барои як шабонарӯз иҷора гирифта, бо ҳамсараш зодрӯзи фарзандашро ҷашн мегирифт. Дар ҳамин ҳол ба телефони занаш марде занг зад ва аз ҳамин сабаб ҷанҷол сар заду ӯ бо корд аввал кӯдаки хурдсол ва сипас ҳамсарашро кушт.