Ҷанг барои бозор: оё меваву сабзавоти Узбакистон бозорҳои Тоҷикистонро мегиранд

Кишоварзони Узбакистон агар хоста бошанд бозорҳои ҳамсояро бо колоҳояшон бигиранд, даргири рақобат бо чиниҳо хоҳанд шуд, ки фурсате муносиб барои кишоварзони тоҷик фароҳам мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Чанд рӯз пеш нахустин сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор шуд. Сарони ин ду кишвар якчанд санадеро имзо карданд, ки таҳаввулоте жарф дар равобити миёни Тошканд ва Душанбе падид овард.

Аз муҳимтарин дастовардҳои дидору гуфтугӯҳои Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон имзои санадҳои ҳамкорӣ дар сохтусози нерӯгоҳи Роғун, бардоштани раводид барои сафар ба ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ аст.

Икромов: Узбакистон ба маблағи ҳангуфт бо Тоҷикистон қарордод мебандад

Ин ду санади ахир мубодилаи коло миёни ду кишвар, баргузории намоишгоҳ-фурӯшгоҳҳои колоҳои санъативу кишоварзӣ ва пуштибонӣ аз коркушоёну бозаргонҳои ду кишварро дар назар доранд.

Аммо, сарфи назар аз хушҳолии умумӣ дар Тошканд ва Душанбе, соҳибкорону бозаргонҳову кишоварзон ин андешаро доранд, ки оё воридот аз Узбакистон бар кору бори онҳо зиёну осебе нахоҳанд расонд?

Оё рақобат дар бозор талабот ба колоҳои тоҷикиро дар бозорҳо кам нахоҳад кард?

Sputnik Тоҷикистон аз коршиносон пурсид, ки оё ин нигарониҳои тавлидкунандаҳои тоҷик то куҷо асос доранд?

"Фикр мекунам, ки бозор то муддате ҳамзамон бо тағйироти мусбат пайомадҳои манфиеро низ эҳсос хоҳад кард. Агар колоҳои узбакӣ арзонтар аз колоҳои тоҷикӣ бошанд, табиӣ аст, ки тавлидкунандаҳои тоҷикистонӣ зарба хоҳанд хӯрд", — мегӯяд коршиноси масоили сиёсӣ Неъматуллоҳ Мирсаидов.

Бештарин мушкилотро тавлидкунандаҳо ва фурӯшандаҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз сар хоҳанд гузаронд.

Аммо ин мушкилотро ҳамагонро фаро нахоҳанд гирифт. Мирсаидов мегӯяд, ки кишоварзон ҳануз фурсате доранд, ки полизҳояшонро киштгардон кунанд ва сабзавоту тарабореро кишт кунанд, ки ба Узбакистон содир карда намешаванд. Манзур аз ин тарабор картошка ва пиёз аст, ки маъмулан дар вилояти Суғд кишт мешаванд.

Нақлиёт ва савдо: Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе чиро муҳокима мекунанд

Боре, шигифтовар аст, ки рақобат миёни кишоварзон ба суди ҳар ду кишвар низ хоҳад буд. Ин авохир колоҳои чинӣ оҳиста-оҳиста ҳама бозорҳоро фаро гирифта ва ҷои тавлидоти кишоварзони тоҷикро гирифтаанд. Дар чунин шароите тавлидкунандаҳои Узбакистон метавонанд ҷои меваву тарабори гармхонаии чиниро дар бозорҳо танг кунанд.

Зарина Дадабоева, коршиноси аршади илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Фарҳангистони улуми Русия, мегӯяд, ки кишоварзони тоҷик ҳануз фурсате доранд, ки худро ба фаровонии воридоти узбакӣ омода кунанд.

"Ин як бизнеси ҷоуфтода аст. Чин кам-кам ҷойгоҳашро дар бозор аз даст хоҳад дод, вале ин падида якбора рух нахоҳад дод. Он 27 санаде, ки Раҳмон ва Мирзиёев имзо кардаанд, ҳануз рӯи коғаз мондаанд. Фикр мекунам, то замоне, ки аз он санадҳо асаре мушоҳида хоҳем кард, бозор худ ба худ ҳар кадоме аз тавлидкунандаҳоро дар бахше ҷой хоҳад дод", — афзуд Дадабоева.

Чаро гуфтугӯҳо аз иттиҳоди Осиёи Марказӣ афсонае беш нестанд

Инҷо бояд аз пахта низ ёд кард. Коршиносон бар ин назаранд, ки "тиллои сафед" бозорашро аз даст нахоҳад дод. Мозоде, ки дар бозори Тоҷикистон фурӯхта намешавад, зуд ба Узбакистон содир карда хоҳад шуд ва ширкатҳои узбакӣ ҳам наметавонанд ин вазъро тағйир диҳанд.

Аммо дар Узбакистон, ки тавлидкунандагонаш бозорҳои наверо ба даст меоранд, нархи наво гарон хоҳад шуд. Вале дар Тоҷикистон масрафкунандаҳо аз арзонии нархи меваву тарабор дар бозорҳо суд хоҳанд бурд.

Дар ҳар сурат ҳукумати Тоҷикистон дар рақобат бо ҳамсояҳо бе набард таслим нахоҳад шуд ва аз густариши бахши кишоварзии худ даст нахоҳад кашид.

Чунончи, Тоҷикистон чанде пеш аз Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ беш аз 30 милюн дулор сармоя барои беҳбуди зиндагии рустонишинони ҳафт деҳистон дарёфт карда буд.

Вазорати молияи Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳадаф аз ин тарҳ афзоиши тавлидот, коҳиши талафи ҳосил ва корбурди фанновариҳои нав бо таваҷҷуҳ ба созгорӣ ба тағйири иқлим аст.

Ҳамон замон вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ба зердастонаш дастур дода буд, ки барои нигаҳбонии киштзорҳо аз офатҳои кишоварзӣ (малаху дигар ҳашароти зараррасон) чораҷӯӣ кунанд ва дар соли 2018 ҳосили фаровони ғалларо таъмин кунанд.

Яке аз намунаҳои камкориҳои вазорату ниҳодҳои Тоҷикистон ин аст, ки колоҳои меҳаниро дар бозорҳои ҷаҳонӣ арза намекунанд. Чунончи, дар намоишгоҳи "Продэкспо-2018", ки чанде пеш дар Маскав баргузор шуда буд, аз Тоҷикистон танҳо як ширкат – "Исфарафуд" ҳузур дошт, ки он ҳам аз солҳои 2000-ум дар бозорҳои Русия хушкбор мефурӯшад.