Дар бораи ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода чӣ медонем?

Ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода яке аз ифтихорофаринони Тоҷикистон аст: ӯ дар 22-солагӣ қаҳрамони самбои ҷаҳон ва беҳтарин варзишкори соли 2017 дар кишвараш шинохта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Пирӯзӣ дар мусобиқоти Қаҳрамонии самбои ҷаҳон – 2017 Беҳрӯз Хоҷазодаро номдор кард – ӯ на танҳо беҳтарин варзишкори кишвар ва ҷаҳон гардид, балки ҳаводорони бисёре пайдо карду шахсияти расонаӣ шуд.

Sputnik Тоҷикистон муҳимтарин донистаниҳо дар бораи зиндагонӣ ва дастовардҳои беҳтарин варзишкори Тоҷикистон дар соли гузаштаро пешкаши шумо мегардонад.

Ҷавони оддӣ Беҳрӯз аз Тоҷикистон

Беҳрӯз Хоҷазода дар радабандии бартарин самбокорони ҷаҳон дувум шуд

Беҳрӯз Хоҷазода 11 январи соли 1995 дар ноҳияи Варзоб дар хонаводаи корманди Додситонии кулли Тоҷикистон Саъдулло Хоҷазода таваллуд шудааст.

Соли 2001 ӯ шогирди мактаби миёнаи ноҳияи Варзоб шуд, вале дертар ба мактабе дигар дар шаҳри Душанбе гузашт. Соли 2011 таҳсилашро дар мактаби миёнаи шаҳри Туапсе дар Русия идома дод. Сипас ба ноҳияи Варзоб баргашт ва дар он ҷо ба тамрини ҷудо, самбо, куштии миллӣ ва ҷиу-ҷитсу ба роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов пардохт.

Соли 2012 Хоҷазода донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ шуд. Он замон ӯ ба варзиш машғул буд ва дар сабқатҳои кишварӣ зӯрозмоӣ ҳам мекард. Дар ин миён ӯ чанд бор дар мусобиқаҳои самбо, ҷудо ва куштӣ дар миёни ҷавонон қаҳрамон ва барандаи ҷоизаҳо шуд.

Нахустин зӯрозмоии ҷавонпаҳлавон дар майдони ҷаҳонӣ

Ифтихори миллат: пешвози мардум аз ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода дар Душанбе

Ҷаҳонпаҳлавони ояндаи мо ширкат дар мусобиқоти байналмилалиро дар соли 2013 оғоз кард. Он ҳангом Беҳрӯз Хоҷазода дар Қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Сеули Корея медали биринҷӣ ба даст овард. Вай дар соли 2014 низ ин натиҷаашро такрор кард – ҳамчунин дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Тошканд медали биринҷӣ гирифт.

Вай дар мусобиқоти миллӣ низ хуб ҳунарнамоӣ кард – дар қаҳрамониҳои куштӣ, ҷудо ва самбо ҳамвора баранда мешуд. Аммо соли 2015 вай осебе бардошту як сол натавонист дар мусобиқот ширкат кунад.

Дастовардҳои ҷавонпаҳлавон Беҳрӯз дар соли 2017

Аммо он осеб самбокори ҷавонро аз пой дар наовард ва ӯ зуд ба майдон бар гашт. Дар солҳои 2016 – 2017 низ вай дар ҳама мусобиқоти миллӣ баранда шуд. Ҷолиб аст, ки вай дар соли 2017 ҳамчунин барандаи сабқати ҷи-ҷитсуи Тоҷикистон низ шуд.

Пирӯзии таърихӣ: Беҳрӯз Хоҷазода қаҳрамони ҷаҳон шуд

Сипас, варзишкори тоҷик дар Қаҳрамонии самбои Осиё дар шаҳри Тошканд пирӯз шуд. Афзун бар он, дар Панҷумин Бозиҳои Осиёии даруни толор ва ҳунарҳои размӣ дар Туркманистон Беҳрӯз Хоҷазода қаҳрамони мусобиқоти самбо шуд ва дар мусобиқоти куштии кураш медали нуқра ба даст овард.

Вай ҳамчунин шомили дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон барои ширкат дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочӣ шуд.

Нахустин бор пас аз 42 сол

Дар Қаҳрамонии ҷаҳонии самбо варзишкори мо дар вазни 74 кг зӯрозмоӣ мекард. Ӯ тавонист, ки пирӯзии қаҳрамони номдори тоҷик Саидмуъмин Раҳимовро такрор кунад. Беҳрӯз бар ҳамовардонаш пирӯз шуд ва ба сабқати ниҳоӣ расид. Дар набарди сахту тавонфарсо бар самбокори белорусӣ Степан Попов пирӯз шуд ва қаҳрамони ҷаҳон шуд. Вай бо ин пирӯзӣ нахустин бор пас аз 42 сол парчами Тоҷикистонро бар фарози ҷойгоҳи қаҳрамонони самбо бар афрохт.

“Ин мусобиқот бароям муҳимтарин сабқат буд ва ният доштам дар он медали тилло ба даст оварам. Дар зӯрозмоии ниҳонӣ, ҳангоме, ки рақиб дастамро дар қуфли оринҷ гирифт, ман ба табло назар кардам: 19 сония монда буд. Ҳама тавону нерӯямро ҷамъ карда то охир тоқат кардам. Дар ин вақт номи ман дар табло рӯшан шуд. Дигар натавонистам ашкҳои шодиямро нигаҳ бидорам”, — гуфта буд он замон самбокори тоҷик.

Пуштибонии аслии самбокор хонавода ва муррабияш ҳастанд

Бино ба гуфтаҳои Беҳрӯз, муҳимтарин нақшро дар дастовардҳои ӯ хонаводааш доштааст. Дастгирии падару модар ва хешовандон – рози аслии пирӯзиҳои вай аст. Варзишкори ҷавон ҳамчунин аз мурабии худ бисёр сипосгузор аст, ки барои рушду камол ва пирӯзиҳои вай ёриву пуштибонияшро дареғ надоштааст.

Падари Беҳрӯз – Саъдулло Ҳоҷизода ва модараш – Мавҷигул, ҳамеша набардҳои писарашонро тамошо мекунанду ба дастовардҳои ӯ меболанд.

"Вай писари заҳматкаш аст. Ман ҳамеша медонистам, ки ӯ қаҳрамони ҷаҳон мешавад. Ман мебинам, ки ӯ чигуна тамрин мекунад. Бо гузашти ҳар як тамрин Беҳрӯз малакаашро сайқал медиҳад”, — мегӯяд падар.

Навори рақобати Беҳрӯз Хоҷазода бо Степан Попов

Мураббии ҷаҳонпаҳлавон Садриддин Обидов наметавонад шодияш аз дастовардҳои шогирдашро пинҳон кунад.

“Сипосу офарин бар падару модараш, ки чунин писареро парвардаанд. Беҳрӯз ба тамринҳо ҷиддӣ бархӯрд мекунад. Вай ҷавоне хоксор ва хушхӯ аст. Ман бисёр хурсандам, ки Тоҷикистонамон чунин варзишкоре дорад. Бовар дорам, ки ӯро пирӯзиҳову дастовардҳои бузурге дар пешанд", — гуфта буд мураббиаш.

Олимпиада – орзуи аслии Беҳрӯз

Ҷаҳонпаҳлавон акнун орзу дорад, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпии 2020 дар Ҷопонро ба даст орад. Вале ин бор вай мехоҳад Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷудо намояндагӣ кунад.

“Аз варзиши ҷудо бисёр хушам меояд. Чун он варзиши олимпӣ ҳам ҳаст, ман ба ин варзиш бисёр умед бастаам. Мехоҳам барои роҳхат ба ин Олимпиада мубориза барам ва дар он бозиҳои ширкат кунам. Аз дигар нақшаҳоям барои наздиктарин оянда ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии ҷудои соли 2018 аст”, — гуфт Беҳрӯз.

Дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон дар Маҷористон Беҳрӯз бар варзишкори утришӣ Лукас Рейтер пирӯз шуда ва Ғиёсҷон Бобоев аз Узбакистонро ҳам шикаст дода буд. Аммо дар рақобатҳои чаҳорякниҳоӣ мусобиқаро ба варзишкори озарбойҷонӣ Рустам Оруҷов бохт.

Акнун Беҳрӯз Хоҷазода барои ширкат дар сабқати ҷаҳонӣ омода мешавад ва ният дорад, ки ба беҳтарин натиҷа даст ёбад. Вай ҳамчунин дар назар дорад, ки дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо шикрат кунад, барои ҷой гирифтан дар радабандиҳо имтиёзҳо ба даст оварад, ки барояш роҳхати олимпиадаро дар оянда таъмин кунанд.

Дар омади сухан, варзишкорони тоҷик барои омодагӣ ба Бозиҳои соли 2020 аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳармоҳа кумакҳазина дарёфт хоҳанд кард. Яке аз дарёфткунандаҳои ин кумакҳазинаи олимпӣ Беҳрӯз Хоҷазода аст.