Дар Амрико барои иҷборӣ кашидани ҳиҷоб ба се зан 180 ҳазор доллар товон доданд

Парвандаи се зан дар алоҳидагӣ дида баромада шуда буд ва дар се ҳолат ҳам ин занҳо гуфта буданд, ки ҳуқуҳои мазҳабии онҳо поймол шудааст. Парвандаи ҳар сеи онҳо ҳам ба додгоҳ супурда шуда буд, аммо он бе эъломи ҳукм баста шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Мақомоти Ню-Йорк дар ҳошияи ҳалли баҳси кашидани рӯйсарӣ ба се зани мусалмон 60 ҳазор долларӣ товон медиҳад.

Дар ин бора рӯзноамаи  New York Times дар истинод ба ҳуҷҷатҳои додгоҳ хабар медиҳад.

"Ин баҳс бо ширкати занон ва намояндаҳои мақомот ҳал карда шуд"- гуфтааст намояндаи шуъбаи ҳуқуқии шаҳрӣ Кимберли Джойс.

Сарвазири Британия барои боздид аз масҷид ҳиҷоб пӯшид

Парвандаи се зан дар алоҳидагӣ дида баромада шуда буд. Дар ҳар се ҳолат ҳам, занҳо гуфта буданд, ки ҳуқуқҳояшон поймол шудааст.  Тавре ҳомии ҳуқуқии онҳо, Тахани А. Абуши (Tahanie A. Aboushi), таъкид кардааст, парвандаи ҳар се зан ба додгоҳ супурда шуда буд, аммо он бе эълом ҳукми суд баста шуд.

Дар соли 2012 пулиси Ню-Йорк як духтари макбахонро ба иттиҳоми таҳқир дастгир карда буд. Он вақт пулис аз ин духтар хоҳиш мекунад, ки барои акс гирифтан барои ҳуҷҷатҳо рӯйсариашро кашад, аммо духтар аз ин кор даст нигоҳ дошта буд.

Зани мусулмони амрикоӣ таҳдид ба марг шуд

Дар ҳолатҳои дуввум ва севвум, ки дар соли 2015 рух додааст, занҳоро ҳамчунин пас аз дастгиршавӣ маҷбур мекуннад, ки барои аксгирӣ рӯймолашонро кашанд.

Зане бо номи Ҷ.Ҳ. (J. H.) дар полис тавзеҳ додааст, ки наметавонад рӯймолашро дар назди мардони бегона  кашад. Аммо занро маҷбур карданд, ки ҳиҷобро аз сар берун кунад.

Дар ҳамин сол, зане аз ноҳияи Квини Ню-Йорк пас аз ҷанҷол бо ҳамсояш аз барои ҷой дар таваққуфгоҳ  ба полис оварда шуда буд, он замон ҳам занро маҷбур карданд, ки барои акс гирифтан рӯймолашро кашад.