Меҳрона Ғайбуллоева, духтари 17-сола аз Душанбе, ба даври навбатии озмунии мусиқии "Ту беҳтаринӣ!" гузашт. Аз саршавии сурудхонӣ маълум шуд, ки Тоҷикистонро дар ҳақиқат ширкаткунандаи сазовор намояндагӣ мекунад.
Меҳрона Ғайбуллоева додаҳои савтии қавиро нишон дода, ҳатто нотаҳои баландтаринро дар композитсияи Полина Гагарина "Фоҷиа дигар нест" (Драмы больше нет) ба осонӣ гирифт.
Ҳайъати доварон — Игор Крутой, Виктор Дробиш, Сергей Лазарев ва Юлия Караулова — ҳунарнамоии Меҳрона Ғайбуллоеваро гӯш мекарданду бо ризоият ба ҳамдигар менигаристанд.
Ҳамин ки Меҳрона ба хондани мисраи аввали нақарот шурӯъ кард, Дробиш ҳамоно тугмаи сабзро пахш намуда, ҳамин тариқ овоз дод, ки духтари тоҷикистонӣ, ба андешаи ӯ, сазовор аст, ки ба даври навбатии озмун гузарад.
Тақрибан фавран тасмими ӯ аз ҷониби Игор Крутой дастгирӣ ёфт.
"Фоҷиа дигар нест, фоҷиа дигар нест. Вақт дар ҷон, вақт дар ҷон ба ҷароҳатҳо шифо мебахшад", — самимона мехонд Меҳрона.
Чунин менамуд, ки ин суруд маҳз барои ӯ интихоб шудааст, зеро дар тӯли 17 соли умри худ духтари сокини Душанбе изтиробҳои зиёди талхеро паси сар кардааст.
Суруди худро ба итмом расонда, Меҳрона Ғайбуллоева дигар натавонист ашконашро нигаҳ дорад.
"Ин ашкҳои шодиянд", — гуфт дар ҷавоб тоҷикдухтар ба саволи додашуда, ки чаро вай гиря мекунад, ҳол он ки фоҷиа дигар нест, аз рӯи хондаи худи ӯ.
Ҳамаи чор аъзои ҳайъати доварон пас аз баромади Меҳрона якдилона тасмим гирифтанд, ки ширкаткунанда аз Тоҷикистон сазовори даври навбатии озмуни "Ту беҳтаринӣ!" аст.
Сергей Лазарев дар бораи ҳунарнамоии Меҳрона
"Дар ҳақиқат ба ман бисёр маъқул шуд, ин овозхонии хеле қавӣ буд", — баромади Меҳронаро чунин арзёбӣ кард овозхон Сергей Лазарев.
Вай қайд кард, ки дар ин суруд нотаҳои хеле мураккаб вуҷуд доштанд, вале Меҳрона Ғайбуллоева ҳамаро бисёр дақиқ ва моҳирона иҷро кард.
Овозхон илова намуд, ки Меҳрона бояд зиёд тамрин кунад ва ба устодони худ гӯш диҳад, дар ҳоле, ки вай чунин имконот пайдо кардааст.
Баҳои Игор Крутой ба овозхони тоҷик
Оҳангсоз ва продюсер Игор Крутой гуфт, ки Меҳрона хусусиятҳои ин сурудро, ки Полина Гагарина иҷро кардааст, бисёр дуруст аз худ намудааст.
Сароянда Юлия Караулова қайд кард, ки овози Меҳрона "олӣ"-ст ва ӯ ҳамаи додаҳо барои таҳсилот ва касбу кори минбаъдаро дорад, вай инчунин илова кард, ки Меҳрона — соҳибҷамоли воқеист.
Юлия Караулова дар бораи Меҳрона
"Ба ман бисёр маъқул шуд, ки Шумо чизеро худатон ба ин суруд ворид намудед, Шумо мисраҳои охирро бо табассум хондед, ки ин хеле олӣ буд, ба композитсия мафҳуми хосеро замм менамуд, маънидод дигар мешуд", — гуфт Юлия.
Озмуни байналмилалии савтии "Ту беҳтаринӣ!" тавассути канали НТВ ва Оҷонсии байналмилалӣ ва родиюи Sputnik ташкил шудааст ва ба кӯдакони боистеъдод, ки бе сарпарастии волидайн мондаанд, имкон медиҳад, ки аз худ хабар диҳанду саҳнаҳои бузурги оламро тасхир намоянд.