Шатранҷбози тоҷик дар рӯйхати топ-55 Moscow Open-2018

Дар Маскав 14-умин сабқати байналмилалии шоҳмот Moscow Open баргузор шуд. Тоҷикистонро дар ин сабқат танҳо як варзишкор намояндагӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар умум дар ин сабқат варзишкорони 20 кишвари дунё ширкат карданд. Мусобиқа байни довталабони синну соли гуногун дар бахшҳои мухталиф: мардҳо, занон, дӯстдорон, донишомӯзон ва собиқадорон баргузор шуд.

Ҳамаи варзишкоронро ба ҳафт гурӯҳ тақисм кардаанд. Тоҷикистонро дар ин сабқат Надежда Антонова муаррифӣ кард.

Дар сабқати шоҳмот байни занон дар гурӯҳи "В" (121 довталаб аз 12 кишвари ҷаҳон) ширкат кард. Антонова дар ниҳояти нӯҳ бозӣ 6 хол ба даст оварда, мақоми 53-юмро аз худ кард. Ҳамин тавр намояндаи Тоҷикистон ба топ-55 шоҳмотбози беҳтарини кишварҳои узви ИДМ ва Урупо ворид шуд.

Варзиш ба ҳам меорад: мусобиқаи шоҳмот дар Маскав

Ҷои аввалро варзишкори рус аз Санкт-Петербург, Анастасия Бондарчук гирифт.

Дар вазминтарин сабқати гурӯҳи "А" 220 варзишкор аз 29 кишвари ҷаҳон рақобат карданд. Дар натиҷа варзишкори 15-сола аз Маскав Семён Ломасов бо гирифтани 8 хол мақоми аввалро аз худ кард. Дар ин сабқат аз Тоҷикистон нафаре ҳам намояндагӣ накард.

Дар сабқати пешин Тоҷикистонро Надежда Антонова ва Шоҳрух Бекназаров намояндагӣ карданд. Антонова дар сатри 53-юм ҷой гирифту Шоҳрух Бекназаров мақоми 93-юмро аз худ кард.

Ёдоварӣ мекунем, ки Надежда Антонова донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонии Русия, шуъбаи шоҳмот мебошад.

"Надежда яке аз беҳтарин шоҳмотбозони мунтахаби Тоҷикистон аст. Ӯ аллакай таҷрибаи хуб дорад. Варзишкор тадриҷан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат мекунаду кӯшиш дорад малакаи худро беҳтар кунад, умед дорам, ки аз ин бештар рушд кунад", — гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон раҳбари Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов.