ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Амалиёти зимистонии Артиши миллии Афғонистон тавони ҷангии “Толибон”-ро коҳиш додааст, гуфт Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифоъи Афғонистон.
“Танҳо дар 20 рӯзи гузашта талафоти сангин бар гурӯҳи “Толибон” ворид шуда ва садҳо тан аз ҷангҷӯёнаш кушта шудаанд. Чунончи, дар ду ҳафтаи гузашта дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар Ғазнӣ 244 ҷангҷӯй кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд”, — гуфт Вазирӣ.
Вай афзуд, ки дар ин амалиёт миқдори зиёде аз таҷҳизоту муҳимоти ҷангии “Толибон” ба дасти нерӯҳои давлатӣ уфтода аст. Бархе аз мавзеъҳои “Толибон” низ дар ин амалиёт вайрон карда шудаанд.
Вазирӣ ҳамчунин гуфт, ки баҳори оянда амалиёти низомӣ бар марокизи “Толибон” мутамарказ хоҳад буд.
Бино ба гузориши Вазорати дифоъи Афғонистон, танҳо дар як моҳи январ “Толибон” масъулияти 472 ҳамларо ба дӯш гирифтаанд, ки ин рақам бесобиқа аст. ҳамчунин, чанд ҳафта пеш дар ҳамлаҳои интиҳории “Толибон” дар Кобул беш аз 140 кас кушта шуданд.