ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Хабаргузории “Тасним” бо истинод ба равобити умумии Сипоҳи посдорон аз даргирии Нерӯи заминии Сипоҳ бо гурӯҳе аз ҷангҷӯёни ДОИШ дар навоҳии марзии ғарби Эрон гузориш додааст.
“Як гурӯҳи 21-нафарӣ аз ҷангҷӯёни ДОИШ дар ғарби Эрон марзро шикаставу вориди қаламрави Ҷумҳурии Исломӣ шуда”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.
Нерӯҳои заминии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ ин гурӯҳро пайгирӣ карда ва имрӯз бо он даргир шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин даргирӣ, ки бо ҳамкории нерӯҳои амниятии Вазорати иттилоъоти Эрон сурат гирифта, бисёре аз ҷангҷӯён зинда дастгир шудаанд.