Толиб Ҷебов: дар сабқати Грозний хобам бурд

Моҳи ноябри соли 2017 Толиб Ҷебов дар қаҳрамонии ҷудои Русия барандаи медоли биринҷӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 ян— Sputnik, Дмитрий Матвеев. Ба ҷудокори тоҷикистонӣ Толиб Ҷебов дар ҷаҳони варзиш ояндаи дурахшон пешгӯӣ мекунанд.

Моҳи декабри соли 2017 дар Театри  ба номи Аркадий Райкин маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин варзишкорони Русия баргузор шуд. Фарҳангиён ва намояндагони варзишу ситораҳои телевизиону кино ба беҳтарин варзишкорони соли 2017 ҷоизаҳо супориданд. Миёни ҷоизадорон зодаи Тоҷикистон Толиб Ҷебов ҳам буд.

Sputnik Тоҷикистон бо варзишкори 20-сола дидор карду дар бораи ҳаёташ дар Санкт-Петербург ва роҳи варзишиаш дар ҷудои Русия суҳбат кард.

Дзюдоист Толиб Джебов показывает награду, архивное фото

Толиб Ҷебов дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, даврони кӯдакиаш дар кӯчаи 112-ум гузаштааст. Ба Русия ӯ дар синни 13-солагӣ кӯчидааст. Нахуст Толиб ба Твер рафтааст. Он ҷо бародарони бузургаш ба сар мебурданд. Пасон Толиб ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург рафт.

Падари ҷудокор-мураббии машҳур ва варзишкори саршиноси Тоҷикистон, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо ва устоди варзиш мебошад. Барои ҳамин Толиб ҳам бештар ба варзиш шуғл кардаааст. Маҳз падараш ишқи варзишро дар дили Толиб ҷой додааст. Дар нӯҳсолагӣ Толиб аллакай дар сабқатҳо ширкат мекард.  Мутаассифона чанде пеш падари ҷудочӣ аз олам даргузашт.

"Дар қаҳрамоние  ки моҳи ноябр баргузор шуд, ман охирин бор падарамро бо гирифтани медоли биринҷӣ шод кардам. Пас аз як моҳ падарам ба сактаи дил дучор шуд", — нақл кард Толиб ва афзуд, ки падараш ҳамеша ӯро дар роҳи варзиш дастгирӣ мекарад.

Сипосномаи Федеросюни ҷудои Маскав ба Расул Боқиев

Толиб дар охири соли 2016 бо даъвати Федеросюни ҷудо ба Петербург омад. То ин дам варзишкор аллакай миёни устодони варзиши ҷудои Русия хуб шинохта шуда буд. Чунончӣ барои ӯ шароити хуби корӣ, музди кор ва манзили бепул пешниҳод карданд.

Варзишкори ҷавон дар мактаби захираи олимпӣ таҳсил мекунад. Толиб дар омӯзиши забони англисӣ ҷидду ҷаҳд дорад, чунки мӯътақид аст, ки барои дар ҷаҳони варзиш шинохта шудан донистани забони хориҷӣ ҳатмист.

"Боре мо ба сабқат ба Дубай рафтем. Аз замони шиносномагирӣ чанд муддате гузашта буду, мудели мӯйҳоям дигар шуда буд. Ман ба марзбонон бо забони аглисӣ фаҳмониданӣ мешудам, ки  ин акси ман аст, вале онҳо маро намефаҳмиданд. Агар ман  ба онҳо нишони устоди варзишамро нишон медодаму кор тамом буд, вале ман онҳоро нафаҳмидам. Дар охир пас аз ним соат мо ҳамдигарро фаҳмидему онҳо маро раҳо карданд", — мегӯяд бо табассум Толиб.

Дзюдоист Толиб Джебов, архивное фото

Кору кирдори Толиб ба номаш  бисёр мувофиқ аст, зеро ӯ доим мекӯшад илмашро зиёд кунад. Дар баробари донистани забони модариаш Толиб бо забонҳои русӣ ва англисӣ ҳам хуб суҳбат мекунад. Ӯ ба забони модарии худ арҷ мегузораду аз ин рӯ кӯшиш дорад ҳарчӣ бештар бо ин забон дар гуфтугӯ бошад.

"Дар куҷое набошам, ман ҳич гоҳ забони тоҷикиро аз ёд намебарорам. Вале ҳангоми тамрин ростӣ фақат ба забони русӣ гап мезанам, дар хона бошам ҳамеша бо забони тоҷикӣ", — шарҳ дод варзишкор.

Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам

Ҳар рӯз Толиб ду маротиба тамрин мекунад. Субҳ Толиб соати ҳашт ба толори варзишӣ меояду ду соат тамрин мекунад. Рӯзона Толиб ба мактаби захираҳои олимпӣ меравад. Барои омӯзиши забони англисӣ ба гуфти Толиб вақт камӣ мекунад, аз ин рӯ рӯзҳои истироҳат барои ин забон ҷудо шудааст.

Чун дигар варзишкорон дар фаъоияти варзишии Толиб ҳам рухдолдҳои хотирмон кам нестанд. Маласан дар сабқате дар шаҳри Грозний Толибро хоб бурд. Чуноне Толиб нақл кард, рақибаш аз шаҳри Грозний ӯро бо равиши гулӯфишорӣ нигоҳ дошту Толибро муддате хоб бурдааст.

"Варзишкорони сустирода ҳангоми чунин равиш таслим мешаванд. Вале варзишкорони боқувваттар кӯшиш мекунанд, ки муқовимат нишон диҳанд. Ман ҳам рақобат кардаму қувваамро ба ҳисоб набурда хобам бурдааст. Тақрибан даҳ сония ман дар хоб будам. Бедор шудам, ки ҳамаи пизишкон дар болои сарам истодаанд. Ва маро дар экрани бузурге намоиш медиҳанд", — ба ёд меорад ҷудочӣ.

Толиб илова кард, ки Тоҷикистонро бисёр дӯст медораду дар ҳар фурсати муносиб ба Ватан меравад.

"Дар куҷое, ки ман будаам, беҳтар аз Ватан ҷое дар ҷаҳон надидаам. Барои ҳамин ман мехоҳам дар Тоҷикистон ба сар барам. Охирин бор ман соли 2014 ба Душанбе рафта будам. Нақша дорам, ки соли оянда Худо хоҳад барои муддате ба Ватан баргардаму хонадор шавам", — шарҳ дод Толиб.

Вале дар баробари ин Толиб то ҳол дӯстдухтар надорад.

"Дар ҳоли ҳозир ман ғайр аз тамрин дигар барои чизе вақт надорам. Вақте, ки замони хонадоршавӣ расид ба Тоҷикистон рафтаву моҳе аз тамрин истироҳат мекунаму арӯс ёфта хонадор мешавам", — мегӯяд варзишкор.