https://sputnik.tj/20230809/kohishi-favti-zanon-hangomi-tavallud-tojikiston-1058722129.html
Коҳиши фавти занон ҳангоми таваллуд дар Тоҷикистон
Коҳиши фавти занон ҳангоми таваллуд дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон эълон кард, ки аз тариқи боло бардоштани сатҳи накӯаҳволию хадамот фавти модару кӯдак дар кишвар коҳиш ёфтааст
2023-08-09T16:28+0500
2023-08-09T16:28+0500
2023-08-09T16:28+0500
занон
дар тоҷикистон
тандурустӣ
таваллуд
модар
кудак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103149/48/1031494891_0:0:3089:1737_1920x0_80_0_0_34bb80253bd1f8182e2fc51ef5c43b71.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар давоми 6 моҳи аввали солил равон 28 зан ҳангоми таваллуд фавтидаанд. Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки фавти модарон ҳангоми таваллуд дар ҷумҳурӣ кам шудааст. Вазир далел овард, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта 30 зан ҳангоми таваллуд фавтиданд. Абдуллозода иллати фавти занон ҳангоми зоишро шарҳ надод, аммо дар гузашта шикоятҳо аз хадамоти пасти таваллудхонаҳо дар ҷумҳурӣ зиёд садо медоданд. Вазири тандурустӣ мегӯяд, шароити таваллудхонаҳоро дар ҷумҳурӣ беҳбуд бахшидаанд. Ахирин мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ба СММ гузориш доданд, ки сатҳи накӯаҳволии мардум дар ҷумҳурӣ боло рафта, фавти модару кӯдак коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода, таъкид намуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар поин рафта, ҳамчунин дар 5 соли охир фавти модарон ва кӯдакон мутаносибан 70% ва 36% коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20230809/vaziri-tandurusti-kishvar-zanu-kudak-vnmo-giriftor-1058722844.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103149/48/1031494891_81:0:2812:2048_1920x0_80_0_0_d4c64f5dfa1b5060310a5b2559d7c49d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
зан, ҳангом, таваллуд, фавт, тоҷикистон
зан, ҳангом, таваллуд, фавт, тоҷикистон
Коҳиши фавти занон ҳангоми таваллуд дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон эълон кард, ки аз тариқи боло бардоштани сатҳи накӯаҳволию хадамот фавти модару кӯдак дар кишвар коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар давоми 6 моҳи аввали солил равон 28 зан ҳангоми таваллуд фавтидаанд.
Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки фавти модарон ҳангоми таваллуд дар ҷумҳурӣ кам шудааст.
Вазир далел овард, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта 30 зан ҳангоми таваллуд фавтиданд.
Абдуллозода иллати фавти занон ҳангоми зоишро шарҳ надод, аммо дар гузашта шикоятҳо аз хадамоти пасти таваллудхонаҳо дар ҷумҳурӣ зиёд садо медоданд.
Вазири тандурустӣ мегӯяд, шароити таваллудхонаҳоро дар ҷумҳурӣ беҳбуд бахшидаанд.
Ахирин мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ба СММ гузориш доданд, ки сатҳи накӯаҳволии мардум дар ҷумҳурӣ боло рафта, фавти модару кӯдак коҳиш ёфтааст.
Аз ҷумла вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода, таъкид намуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар поин рафта, ҳамчунин дар 5 соли охир фавти модарон ва кӯдакон мутаносибан 70% ва 36% коҳиш ёфтааст.