Футзалбозони тоҷик ба Ҷоми миллатҳои Араб-2023 роҳ ёфтанд

© ФФТСборная Таджикистана по мини-футболу
Сборная Таджикистана по мини-футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2023
Обуна шудан
Ин мусобиқа чун омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мебошад, ки аз 6 то 16 июн дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Араб - 2023 ширкат мекунад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Мусобиқаи мазкур ҳамчун омодагӣ ба марҳила интихобии Ҷоми Осиё-2024 мебошад, ки аз 6 то 16 июн дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии Пайрав Воҳидов ба бозиҳо омодагӣ мебинад.
Матч сборных Таджикистана и Сирии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Дастаи олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 бо кӣ бозӣ мекунад?
Дар ин мусобиқа дар маҷмӯъ 12 даста ширкат мекунанд, ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" баромад мекунад.
Рақибони тими миллӣ дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаҳои Либия, Арабистони Саудӣ ва Алҷазоир мебошанд. Бози бо тими Либия рӯзи 6 июн, бо Арабистони Саудӣ - 8 июн ва бо Алҷазоир рӯзи 10 июн баргузор хоҳад шуд.
Дар гурӯҳи "В" дастаҳои Марокаш, Комор, Кувайт ва Лубнон иштирок мекунанд. Ба гурӯҳи "С" Миср, Мавритания, Фаластин, Ироқ шомиланд.
Лентаи хабарҳо
0