Шарҳи вазъи Дроздов, ки дар беморхона бистарӣ шудаст

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкТелеведущий Николай Дроздов
Телеведущий Николай Дроздов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2023
Обуна шудан
Табибон дар бадани Дроздов шикасти сершумори қабурғаҳоро ташхис карданд, ки интизор меравад, барқароршавии пурраи онҳо чанд моҳ давом кунад
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Барандаи маъруфи телевизиони Русия, Николай Дроздов пас аз афтидан дар кӯча дар шуъбаи эҳёи бемористон бистарӣ шудааст, хабар медиҳад "Москав 24".
Ба иттилои манбаъ, Дроздов ҳангоми бозгашт аз кор ба хона дар наздикии бинои Донишгоҳи давлатии Маскав ба замин афтода, бо шикасти устухонҳои сина ба беморхона афтодааст.
Табибон дар пайи ташхис муайян кардаанд, ки 8 қабурғаи ӯ шикастаанд. Таъкид мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ӯро аз шӯъбаи эҳёгарӣ ба палатаи алоҳида интиқол додаанд.
Первый президент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Таҳдиде ба ҷонаш нест: Назарбоев ҷарроҳӣ шуду таҳти назорат аст
Гуфта мешавад, ки пизишкон гач назадаанд, тасмим гирифтаанд, ки бидуни гачбандии қафаси сина, пайванди устухонҳоро интизор мешаванд.
Ба гуфтаи кормандони тиб, бемор бояд тақрибан як ҳафта дар беморхона бистарӣ бимонад, аммо барои барқароршавии пурра ҳанӯз барвақт аст. Тибқи пешгӯиҳо, устухонҳои шикаста пурра давоми ҳудуди 2 моҳ барқарор хоҳанд шуд.
Николай Дроздов зоологи рус, доктори илмҳои биологӣ ва профессори факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Маскав аст. Ӯ ҳамчун барандаи барномаи телевизионии "Дар олами ҳайвонот", сайёҳ ва тарғибгари илм маъруф аст.
Лентаи хабарҳо
0