https://sputnik.tj/20220317/hind-rusiya-tabodul-rupiya-rubl-barrasi-1046866887.html
Ҳинду Русия нақшаи табодули рупия ба рублро баррасӣ мекунанд
Ҳинду Русия нақшаи табодули рупия ба рублро баррасӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шароити таҳримот Русия ва Ҳинд талош доранд додугирифтро бо асъори миллии худ ба роҳ монанд
2022-03-17T13:30+0500
2022-03-17T13:30+0500
2022-03-17T17:02+0500
дар русия
ҳиндустон
иқтисод
таҳрим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/11/1046866856_0:219:2789:1788_1920x0_80_0_0_311ca8f721ab43d4ced3db2ad534d67f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бонки марказии Ҳиндустон бо ҷониби Маскав нақшаи эҳтимолии мубодилаи асъори мустақимро бо мақсади густариши тиҷорат бо он дар шароити таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Русия баррасӣ мекунад, хабар медиҳад нашрияи "Financial Times" дар такя ба манобеаш.“Дигар кишварҳо содиротро ба Русия манъ мекунанд, аз ин рӯ вақти он расидааст, ки содиркунандагони ҳиндӣ ба бозори Русия ворид шаванд", — гуфт ба хабарнигори нашрияи Financial Times доктор А. Сактхивел, президенти Федератсияи ташкилотҳои содиротии Ҳиндустон (FIEO)."Мо аз ҳукумат дархост кардем, ки нақшаи мубодилаи асъорро баррасӣ кунад", - афзуд ӯ.Аз сӯйи дигар як мақоми тиҷорати хориҷӣ бидуни зикри номаш ба ин нашрия гуфтааст, табодули рупия ба рубл метавонад ба Ҳинд имкон диҳад, ки дар сурати таҳрими нафт ба харидани энержии Русия идома диҳад.Рӯзи сешанбе вазири нафт ва гази Ҳинд Ҳардип Сингҳ Пурӣ, ки дар палатаи болоии парлумон суханронӣ мекард, гуфт, музокироти марбути масъалаҳои гуногуни хариди нафти Русия идома дорад.Ба навиштаи рӯзномаи "New Indian Express" вай хабарҳои расонаҳоро дар бораи он ки Русия пешниҳод кардааст, нафт ва дигар ашёи хоми худро бо нархи арзон бо рупия ва рубл фурӯшад, шаҳр дод.Баъдтар нашрияи "Business Standard" бо такя ба манобеаш хабар дод, ки Ҳиндустон метавонад аз Русия то 15 миллион бушка нафти хом ворид кунад.Коршиносон низ ба ин назаранд, ки бо ворид шудани Ҳинду Чин ба бозорҳои Русия ва мубодилаи пулҳои миллии ин кишварҳо дар додугирифти онҳо, ки бештари аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд, Ғарбро дар оташи таҳримоти ҷорикардаи худ хоҳанд андохт.
https://sputnik.tj/20220316/hukumati-holland-tahrimho-rusiya-tijorat-tasiri-1046850893.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/11/1046866856_30:0:2759:2047_1920x0_80_0_0_498eb5ac4ab5d80cbf2f097098743da1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
ҳинд русия рупия рубл
Ҳинду Русия нақшаи табодули рупия ба рублро баррасӣ мекунанд
13:30 17.03.2022 (Навсозишуда: 17:02 17.03.2022) Дар шароити таҳримӣ Русия ва Ҳинд талош мекунанд, додугирифтро бо асъори миллии худ ба роҳ монанд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бонки марказии Ҳиндустон бо ҷониби Маскав нақшаи эҳтимолии мубодилаи асъори мустақимро бо мақсади густариши тиҷорат бо он дар шароити таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Русия баррасӣ мекунад, хабар медиҳад нашрияи "Financial Times" дар такя ба манобеаш.
"Бонки марказии Ҳиндустон бо Маскав дар бораи як тавофуқи ҷуфти асъори "рупия ва рубл" машваратҳои ба роҳ мондааст, ки имкон медиҳад, содирот ба Русия пас аз таҳримҳои Ғарб идома дошта бошад",- менависад рӯзнома.
“Дигар кишварҳо содиротро ба Русия манъ мекунанд, аз ин рӯ вақти он расидааст, ки содиркунандагони ҳиндӣ ба бозори Русия ворид шаванд", — гуфт ба хабарнигори нашрияи Financial Times доктор А. Сактхивел, президенти Федератсияи ташкилотҳои содиротии Ҳиндустон (FIEO).
"Мо аз ҳукумат дархост кардем, ки нақшаи мубодилаи асъорро баррасӣ кунад", - афзуд ӯ.
Аз сӯйи дигар як мақоми тиҷорати хориҷӣ бидуни зикри номаш ба ин нашрия гуфтааст, табодули рупия ба рубл метавонад ба Ҳинд имкон диҳад, ки дар сурати таҳрими нафт ба харидани энержии Русия идома диҳад.
Рӯзи сешанбе вазири нафт ва гази Ҳинд Ҳардип Сингҳ Пурӣ, ки дар палатаи болоии парлумон суханронӣ мекард, гуфт, музокироти марбути масъалаҳои гуногуни хариди нафти Русия идома дорад.
Ба навиштаи рӯзномаи "New Indian Express" вай хабарҳои расонаҳоро дар бораи он ки Русия пешниҳод кардааст, нафт ва дигар ашёи хоми худро бо нархи арзон бо рупия ва рубл фурӯшад, шаҳр дод.
Баъдтар нашрияи "Business Standard" бо такя ба манобеаш хабар дод, ки Ҳиндустон метавонад аз Русия то 15 миллион бушка нафти хом ворид кунад.
Коршиносон низ ба ин назаранд, ки бо ворид шудани Ҳинду Чин ба бозорҳои Русия ва мубодилаи пулҳои миллии ин кишварҳо дар додугирифти онҳо, ки бештари аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд, Ғарбро дар оташи таҳримоти ҷорикардаи худ хоҳанд андохт.