Душанбе мизбони қаҳрамонии CAFA-2022 мегардад

Маҷмааи универсалии варзишӣ дарДушанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Обуна шудан
Ҳамаи бозиҳои ин мусобиқа дар Маҷмаи универсалии варзишии Душанбе баргузор мешаванд, ки он метавонад дар як вақт се ҳазор тамошобинро фаро гирад
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон қаҳрамонии футзали CAFA - 2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона баргузор мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқа таҳти сарпарастии Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Манбаъ меафзояд, чор дастаи мунтахаб барои гирифтани мақоми бартар дар минтақа мубориза мебаранд.
"Дар чемпионат дастаҳои занонаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро барои ин мусобиқа сармураббӣ Шамшод Ниятбеков омода мекунад.
Қаҳрамонии футзали занони CAFA-2022 аз рӯи системаи дудаврӣ баргузор шуда, дар он ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мешавад.
Футболи Осиёи Марказиро дар соли 2022 чӣ интизор аст
Маврид ба зикр аст, ки бозиҳо дар Маҷмаи универсалии варзишии Душанбе баргузор мешаванд, ки он метавонад дар як вақт се ҳазор тамошобинро фаро гирад.
Лентаи хабарҳо
0