Аҳмад Масъуд ба пуштибонии Русия умед дорад

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Обуна шудан
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд умедвор аст, ки Русия ба онҳо дасти кумак дароз мекунад
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ феълан барои аз сар гирифтани амалиёти ҷангӣ бо "Толибон"* дар ҳолати омодабош қарор дорад.
Дар ин бора рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо мухбири ТАСС муовини собиқи волии вилояти Панҷшер Кабир Восиқ иттилоъ додааст.
"Ҷангҷӯёни "Толибон"* воқеан идораҳои давлатии Панҷшер ва роҳҳои вилоятро таҳти назорат доранд, аммо дар баландкӯҳҳо ва дигар манотиқи ҷудогонаи дараи Панҷшер воҳидҳои муқовиматгарон ташкил карда мешаванд, ки дар ояндаи наздик муборизаро алайҳи гурӯҳи террористии "Толибон"* аз сар хоҳанд гирифт", - афзуд муовини собиқи волии Панҷшер.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Собиқ муовини волии Панҷшер: Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст
Дар идома, ӯ изҳор дошт, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба дастгирии Русия умедвор аст.

"Шубҳае нест, ки гурӯҳи террористии "Толибон"* барои тамоми кишварҳо, бахусус ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Аммо Русия, ки дар минтақа ва дар маҷмуъ дар ҷаҳон нуфузи ҷиддие дорад, қодир аст, мардуми Афғонистон ва Ҷабҳаи муқовиматро дар мубориза лайҳи "Толибон"* дастгирӣ кунад", - изҳор дошт Кабир Восиқ.

Ба ақидаи ӯ, эътироф накардани ҳукумати муваққати Афғонистон аз ҷониби Русия худ як кумакест ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати "Толибон"*-ро феълан ягон кишвар ба расмият қабул накардааст.
Чанде пеш зимни як нишаст дар Эрон вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки Тоҷикистон нияти эътирофи ҳукумати Кобулро надорад.
Муҳриддин аз ҷойгоҳи тоҷикону эътирофи "Толибон"* гуфт: Ба расмият намешиносем
"Тоҷикон бояд дар ҳайати ҳукумати нав ҷой гиранд, зеро онҳо 46 дарсади ҷамъияти кишварро ташкил медиҳанд", - гуфта буд Муҳриддин дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Эрон.
Вазир аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба авзоъ дар Афғонистон метавонад боиси ҷанги нави шаҳрвандӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0