https://sputnik.tj/20210527/jabborov-bo-sokinoni-dehoti-nazdimarzi-muloqot-1039774840.html
Сафари дурӯзаи Ҷабборов ба деҳоти наздимарзӣ: мехоҳад раванди аломатгузориро тезонад
Сафари дурӯзаи Ҷабборов ба деҳоти наздимарзӣ: мехоҳад раванди аломатгузориро тезонад
Sputnik Тоҷикистон
Президент бо вазъ дар маҳал шинос мешавад, то раванди делимитатсия ва демаркатсия қитъаҳои сарҳади давлатиро суръат бахшад.
2021-05-27T09:35+0500
2021-05-27T09:35+0500
2021-07-21T19:50+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0b/1032066272_0:0:3062:1722_1920x0_80_0_0_2ee5d5317e209dfd384d809af4a46a4d.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзҳои 27-29 май ба вилояти Ботканд ва Ӯш сафари корӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки Ҷабборов дар сафари дурӯзааш бо сокинони деҳоти наздимарзӣ мулоқот мекунад.Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон дубора марзҳояшро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.Вазорати хориҷии Тоҷикистон аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, хоҳиш намудааст, ки аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.Бояд тазаккур дод, ки мақомоти Қирғизистон ахиран мусофирони тоҷикистонии ҳавопаймои “Сомон Эйр” – ро дар Бишкек қабул накарда, онҳоро бозпас фиристоданд.Раиси Девони вазирони Қирғизистон, Улуғбек Марупов дар сафар ба ноҳияи Чонолойи вилояти Ош дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузории марзи ду кишвар, тамоми гузаргоҳҳои марзӣ баста боқӣ хоҳад монд.Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кард, ки рафту омад ба Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳою консулгариҳои ду кишвар, хонаводаи онҳо, кормандони созмонҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбею Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ иҷозат асту халос.Марзбандиҳо дар ҳолеянд, ки 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ба тирпарронӣ печид ва аз ҳарду тараф 55 кушта барҷой гузошт. Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози даргирӣ муттаҳам карданд. Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20210526/qirghiziston-dar-borai-roh-nadodani-shahrvandoni-tojikiston-1039745071.html
https://sputnik.tj/20210526/bidun-ogohi-murojiati-tojikiston-qirghiziston-1039771350.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0b/1032066272_298:0:3029:2048_1920x0_80_0_0_866065b32ba710595af0282eb2c00f44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
содир ҷабборов, аломатгузорӣ, баҳси марзӣ, қирғизистон
содир ҷабборов, аломатгузорӣ, баҳси марзӣ, қирғизистон
Сафари дурӯзаи Ҷабборов ба деҳоти наздимарзӣ: мехоҳад раванди аломатгузориро тезонад
09:35 27.05.2021 (Навсозишуда: 19:50 21.07.2021) Котиботи президенти Қирғизистон мақсади сафари Содир Ҷабборов ба деҳоти наздимарзиро гуфт
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзҳои 27-29 май ба вилояти Ботканд ва Ӯш сафари корӣ анҷом медиҳад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Ҷабборов дар сафари дурӯзааш бо сокинони деҳоти наздимарзӣ мулоқот мекунад.
"Президент бо сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ мулоқот намуда, бо вазъ дар маҳал шинос мешавад, то раванди делимитатсия ва демаркатсияи қитъаҳои сарҳади давлатиро тезонад", - омадааст дар хабарнома.
Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон дубора марзҳояшро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.
Вазорати хориҷии Тоҷикистон аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, хоҳиш намудааст, ки аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.
Бояд тазаккур дод, ки
мақомоти Қирғизистон ахиран мусофирони тоҷикистонии ҳавопаймои “Сомон Эйр” – ро дар Бишкек қабул накарда, онҳоро бозпас фиристоданд.
Раиси Девони вазирони Қирғизистон, Улуғбек Марупов дар сафар ба ноҳияи Чонолойи вилояти Ош дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузории марзи ду кишвар, тамоми гузаргоҳҳои марзӣ баста боқӣ хоҳад монд.
Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кард, ки рафту омад ба Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳою консулгариҳои ду кишвар, хонаводаи онҳо, кормандони созмонҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбею Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ иҷозат асту халос.
Марзбандиҳо дар ҳолеянд, ки 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ба тирпарронӣ печид ва аз ҳарду тараф 55 кушта барҷой гузошт.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози даргирӣ муттаҳам карданд. Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мешавад.