https://sputnik.tj/20210524/kobulov-rusiya-tojikiston-nerui-nizomi-afzoish-1039695270.html
Ҳушдор ба рақибони эҳтимолии Тоҷикистон: кӯшиши зарар барояшон фалокатбор хоҳад буд
Ҳушдор ба рақибони эҳтимолии Тоҷикистон: кӯшиши зарар барояшон фалокатбор хоҳад буд
Sputnik Тоҷикистон
Замир Кабулов, фиристодаи вижаи президенти Федератсияи Русия дар Афғонистон шарҳ дод, ки чаро тақвияти нерӯҳо ва гузаронидани тамринҳо дар Осиёи Марказӣ барои кишвараш муҳим аст
2021-05-24T14:30+0500
2021-05-24T14:30+0500
2021-05-24T14:34+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
марз
артиш
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102991/71/1029917155_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_abd6df4ce3fc844888e2bc45c16174a2.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Паёми вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров дар бораи кумаки Русия дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон вокуниш ба бонги хатари шарикони Осиёи Марказист, гуфт Замир Кабулов, фиристодаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон. Дипломат мушаххас кард, ки ба амниятикишварҳои осиёи Марказӣ на "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ), балки ки гурӯҳҳои дигари дар Афғонистон амалкунанда таҳдид мекунанд. Инчунин, намояндаи махсуси президенти Федератсияи Русия оид ба Афғонистон аз кори пойгоҳи низомии 201 ёдовар шуд. "Дар сарҳади Афғонистон ягон нерӯи террористӣ вуҷуд надорад, ки ба суботи дохилии ҷумҳурӣ ба таври таҳдидомез таҳдид кунад. Тахрибкорӣ, бетартибиҳои хурд ва ҳамлаҳои террористӣ имконпазиранд, аммо мо бо назардошти зарфияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳдиди мустақимро намебинем", - гуфт сиёсатмадор. Кобулов афзуд, ки ин маънои онро надорад, ки метавон роҳат шуд - Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тақвият ва тамрини нерӯҳои худро идома диҳанд.Намояндаи махсуси президенти Русия таъкид кард, ки ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон омили устуворкунанда ва ҳушдор ба ҳамаи рақибони эҳтимолӣ аст, ки ҳар гуна кӯшиши зарар расонидан ба ин давлатҳо барои онҳо ба фалокат хотима хоҳад ёфт. Ёдовар мешавем, ки Русия қасд дорад дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон посгоҳи марзӣ бисозад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод. Лавров афзуд, ки Русия сохтмони гузаргоҳро маблағгузорӣ хоҳад кард ва аз имзои санаде хабар дод, ки кори ду кишварро барои таҳкими марзи тоҷику афғон оғоз хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210519/rusiya-tojikiston-afghoniston-postgoh-marzi-mesozad-1039544158.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102991/71/1029917155_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_1d1be2f32c9454f8916c5e1a0a4412d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
кобулов, русия, тоҷикистон нерӯи низомӣ, амният, марз
кобулов, русия, тоҷикистон нерӯи низомӣ, амният, марз
Ҳушдор ба рақибони эҳтимолии Тоҷикистон: кӯшиши зарар барояшон фалокатбор хоҳад буд
14:30 24.05.2021 (Навсозишуда: 14:34 24.05.2021) Замир Кабулов, фиристодаи вижаи президенти Федератсияи Русия дар Афғонистон шарҳ дод, ки чаро тақвияти нерӯҳо ва гузаронидани тамринҳо дар Осиёи Марказӣ барои кишвараш муҳим аст
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Паёми вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров дар бораи кумаки Русия дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон вокуниш ба бонги хатари шарикони Осиёи Марказист, гуфт Замир Кабулов, фиристодаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон.
Дипломат мушаххас кард, ки ба амниятикишварҳои осиёи Марказӣ на "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ), балки ки гурӯҳҳои дигари дар Афғонистон амалкунанда таҳдид мекунанд.
"Ташкилотҳои оппозисиюни низомии тоҷик ҳастанд, ки дар қаламрави Афғонистон танҳо дар минтақаи марзии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Онҳо метавонанд ба суботи ҷумҳурӣ таҳдид кунанд", - гуфт Кабулов.
Инчунин, намояндаи махсуси президенти Федератсияи Русия оид ба Афғонистон аз кори пойгоҳи низомии 201 ёдовар шуд.
"Дар сарҳади Афғонистон ягон нерӯи террористӣ вуҷуд надорад, ки ба суботи дохилии ҷумҳурӣ ба таври таҳдидомез таҳдид кунад. Тахрибкорӣ, бетартибиҳои хурд ва ҳамлаҳои террористӣ имконпазиранд, аммо мо бо назардошти зарфияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳдиди мустақимро намебинем", - гуфт сиёсатмадор.
Кобулов афзуд, ки ин маънои онро надорад, ки метавон роҳат шуд - Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тақвият ва тамрини нерӯҳои худро идома диҳанд.
Намояндаи махсуси президенти Русия таъкид кард, ки ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон омили устуворкунанда ва ҳушдор ба ҳамаи рақибони эҳтимолӣ аст, ки ҳар гуна кӯшиши зарар расонидан ба ин давлатҳо барои онҳо ба фалокат хотима хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Русия қасд дорад дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон посгоҳи марзӣ бисозад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод.
Лавров афзуд, ки Русия сохтмони гузаргоҳро маблағгузорӣ хоҳад кард ва аз имзои санаде хабар дод, ки кори ду кишварро барои таҳкими марзи тоҷику афғон оғоз хоҳад кард.