https://sputnik.tj/20210517/janjol-dar-nazdi-bozori-safariyon-ba-margi-sokini-poytaht-anjomid-1039489625.html
Ҷанҷол дар назди бозори "Сафариён" бо марги сокини пойтахт анҷомид
Ҷанҷол дар назди бозори "Сафариён" бо марги сокини пойтахт анҷомид
Sputnik Тоҷикистон
Гумонбаршуда, қаблан 2 маротиба барои дуздӣ, як мартиба барои роҳзанӣ ва маротибаи дигар барои қасдан нест кардани молу мулк боздошту суд шуда буд
2021-05-17T11:20+0500
2021-05-17T11:20+0500
2021-07-07T18:37+0500
дар тоҷикистон
душанбе
куштор
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/04/1026170436_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_2e1a3fc717cbcdf576b3a213c462a624.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Кормандони милиса марди 41 - соларо боздошт намуданд, ки дар қатли сокини 47 - солаи шаҳри Душанбе муттаҳам дониста мешавад.Бар хабари котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда рӯзи 15 май, тахминан соати 17:00 дар кӯчаи Шерализодаи пойтахт, назди маркази савдои "Сафариён" бо марди 47 - сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.Се корд ба шикаму пушташ задааст: боздошти ҷавон барои қатли маъшуқаи 19-солаГуфта мешавад, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.Манбаъ меафзояд, марди муттаҳам сокини Душанбе буда, қаблан барои содир намудани чандин ҷиноят суд шудааст.Инчунин барои қасдан несту нобуд кардани молу мулк низ ҷазо гирифта буд.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/04/1026170436_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_6f0c83b784255b0fdf00969080a2c6b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
душанбе, куштор, боздошт, мард
душанбе, куштор, боздошт, мард
Ҷанҷол дар назди бозори "Сафариён" бо марги сокини пойтахт анҷомид
11:20 17.05.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Гумонбаршуда, қаблан 2 маротиба барои дуздӣ, як мартиба барои роҳзанӣ ва маротибаи дигар барои қасдан нест кардани молу мулк боздошту суд шуда буд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Кормандони милиса марди 41 - соларо боздошт намуданд, ки дар қатли сокини 47 - солаи шаҳри Душанбе муттаҳам дониста мешавад.
Бар хабари котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда рӯзи 15 май, тахминан соати 17:00 дар кӯчаи Шерализодаи пойтахт, назди маркази савдои "Сафариён" бо марди 47 - сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.
Гуфта мешавад, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Манбаъ меафзояд, марди муттаҳам сокини Душанбе буда, қаблан барои содир намудани чандин ҷиноят суд шудааст.
"Номбурда 2 маротиба бо моддаи 244 (Дуздӣ) ва 1 маротиба бо моддаи 249 (Роҳзанӣ) суд шуда буд", - таъкид мешавад дар хабар.
Инчунин барои қасдан несту нобуд кардани молу мулк низ ҷазо гирифта буд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.