ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Шаш толибилми Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат"-и шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмилалии "International Math Challange" иштирок намуда, ҳамаашон дар он медал ба даст оварданд.
"International Math Challange", ки ҳамасола дар Тайланд баргузор мешуд, имсол онлайн доир гардидааст.
Ҳамин тавр, пас аз даври интихобии озмун ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, дар ин давр тариқи онлайн аз худ маҳорати баланд нишон дода, соҳиби мақоми ифтихорӣ гардиданд. Дар натиҷа хонандагони синфи 4-ум Абубакр Абулқосимов ва Юсуфҷон Турсунзода соҳиби медали тилло, хонандагони синфи 7-ум Меъроҷ Собирзода, Мирзоибодулло Абдуқодиров ва Анӯшервон Каримов соҳиби медали нуқра ва хонандаи синфи 8-уми муассиса Исматҷон Шамсиев соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Донишҷӯи тоҷик бо медали президенти Русия қадрдонӣ шуд
Ғолибон бо диплом, медал ва Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ гардиданд.