ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳавои дтағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рўзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 11-16 ва дар мавзеи Булункӯл 26-28 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шуда, дар мавзеи Булункӯл 4-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона ҳаво бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.