Раҳмон ба Чин меравад

Президенти Тоҷикистон баъд аз таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Чин сафари давлатӣ анҷом медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин ахиран эълон кард, ки бо даъвати раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 то 14 май сафари давлатӣ ба Чин анҷом медиҳад.
Дар ин бора ожонсии итттилотии Синхуа хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2023) ба Чин анҷом додааст.
Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2024) ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Раҳмон Ҷинпинро бо Соли нави Чинӣ табрик кард
Дар ҷараёни ин сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Аввалин сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин моҳи марти соли 1993 сурат гирифт, ки дар рафти он ба ҳамкориҳои дуҷониба заминаҳо гузошта шудаанд.
Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон миёни ду кишвар зиёда аз 250 санади дуҷониба ба имзо расидааст.