ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Машғулиятҳои таълимӣ барои синфҳои ибтидоӣ (2-4) 29 май, барои синфҳои 5-11 30 май ба анҷом мерасанд.
Дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ машғулиятҳо 22 майи соли 2026 новобаста аз шакли ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ба анҷом мерасанд.
Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттило вазорат, таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади босамар гузаронидани таътили тобистона барои кӯдакону наврасони пойтахт 50 истироҳатгоҳи тобистона ташкил карда мешавад.
Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 аз 2 то 10 июни соли 2026, аттестатсияи хатми хонандагони синфи 9 аз 2 то 15 июни соли 2026 ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 аз 2 то 20 июн гузаронида мешаванд.
Ҳамчунин вазорат хабар додааст, ки донишҷӯён мувофиқи нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мутаносибан то 5-уми июл пурра ба таътили тобистона мебароянд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳама падару модаронро даъват кардааст, ки дар таътили тобистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд фарзандонашон вақти бештари худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд.
Ҳамчунин аз волидайн хоҳиш карда шудааст, ки монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти ноболиӯғон дар кӯчаю марказҳои интернетӣ шаванд.