Дар Душанбе бахшида ба Ғалабаи Бузург намоишгоҳ кушода шуд: Видео

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ғалабаи Бузург намоишгоҳе ифтитоҳ ёфт, то 15 май идома меёбад
Sputnik
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои муаррифии шоистаи қаҳрамониҳоиТоҷикистон, намоиши бошукӯҳ таҳти унвони "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст" ифтитоҳ шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар чорабинӣ, ки ба ҷашни 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст, иштирок кард.
Дар намоишгоҳ аз фонди Осорхонаи миллӣ экспонатҳои нодир, аз қабили мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳои таърихӣ, лавозимоти ҷангӣ ва ордену медалҳо пешниҳод шудаанд.
Ин нигораҳо аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекунанд.
Қаҳрамони 65-уми фаромӯшшудаи ИҶШС Борис Шмелев ва корнамоии ӯ
Дар гӯшаи махсуси намоишгоҳ намунаи аризаҳои ихтиёриёни ҷанг ва мактубҳои аз майдони ҷанг сарбозони тоҷик ба хонаводаҳои худ ирсол намудаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Инчунин, лавозимоти ҷангии қаҳрамонони тоҷик, аз қабили, сумкаи саҳроии, миёнбанд, Дурбини иштирокчии ҷанг, обдон ба намоиш гузошта шудаанд, ки лаҳзаҳои набардро пеши назари тамошобин ҷилвагар месозанд.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ мусаввараҳои рассомони барҷаста, ки ба мавзуи ҷанг бахшида шудаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Хотирае аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон
Дар маросими ифтитоҳи намоиш собиқадорони ҷангу меҳнат, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, инчунин афсарону сарбозони Вазорати дифоъ, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар иштирок намуданд.
Намоиши "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст" то 15-уми майи соли равон идома меёбад.