То Рӯзи Ғалаба назист: Дар Тоҷикистон боз як куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ даргузашт

Як иштирокчии дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар синни 99 -солагӣ даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Хуросон, Мирзо Ғафуров, ки бояд 20-уми майи соли равон садсола мешуд, даргузашт, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Шӯрои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Мирзо Ғафуров, ширкаткунандаи Ҷанги бузурги ватанӣ (ҶБВ) аз ноҳияи Хуросон нисфирӯзии 2-юми май дар 99–солагӣ даргузаштааст.
Ба иттилои манбаъ, сабаби марги ӯ беморӣ гуфта мешавад.
Мирзо Ғафуров 20.05.1926 ноҳияи Хуросон, шаҳраки Обикиик таваллуд шудааст. Вай соли 1944 ба ҷанг даъват шуда, "дар озодкунии кишварҳои Румонӣ (Руминия), Булғористон ва Олмон ширкат кардаааст”.
Куҳансарбоз Мирзо Ғафуров, соли 1950 ба Ватан баргаштааст.
Ғафуров як муддат раиси Шӯрои собиқадори ҷангу меҳнат дар ноҳияи Хуросон ҳам кор кардааст.
Дар Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза 8 собиқадори ҶБВ боқӣ мондааст. Онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд, дар ин маводи мо бинед.
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар расид, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ки феълан дар қайди ҳаётанд, 50 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ хоҳад дод.
Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Президент фармони кумакпулӣ ба куҳансарбозонро имзо кард ва акнун ҳар яки онҳо то 9 май ин миқдор маблағро хоҳанд гирифт.
Ҳаҷми кӯмакпулии Раҳмон ба куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум шуд
Бояд гуфт, ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо, куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.