ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Ахиран раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумати кишвар иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ дар се моҳи соли равонро мусбат арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи вай нақшаи даромад дар сатҳи 108,3% таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз 16,7 миллиард сомонӣ ворид шуд, аз ҷумла аз ҳисоби мақомоти андоз 119,4% ва Хадамоти гумрук 102,9%.
Дар ҳамин ҳол кишвардори Тоҷикистон аз камбудиҳо ҳам таъкид кард.
“Аммо таҳлил нишон медиҳад, ки дар паси ин нишондиҳандаҳои умумӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда афзоиши бақияпулиҳои андоз мебошад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дод, ки иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатиро таъмин намоянд, барои коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат ҳамчунин супориш дод, ки барои маъмурикунонии беҳтари андозу пардохтҳо, пурзӯр намудани назорати гумрукӣ, тавсеаи манбаъҳои андозбандӣ ва дарёфти сарчашмаҳои нави даромад тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоянд.
Раисҷумҳур вазорати молияро вазифадор кард, ки иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти пурраи музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳоро таъмин намояд
“маблағгузории соҳаҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳед”, - қайд кард раҳбари кишвар.