Иддаои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст, ки бахши кишоварзии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли равон рушди устувор нишон додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр - Sputnik. Дар моҳҳои январ–марти соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 5 миллиарду 415,7 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 8% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Аз ҷумла ба иттилои агентии омор, дар соҳаи растанипарварӣ афзоиш 4,8% ва дар чорвопарварӣ 8,1%-ро ташкил дода, саҳми асосии рушди соҳа ба чорвопарварӣ рост меояд.
Қайд карда шудааст, ки саҳми хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 77,7%-ро ташкил дода, нақши онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ назаррас боқӣ мемонад.
Ҳамзамон, ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 13,3% ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 9%-ро ташкил медиҳад, ки рушди минбаъдаи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли сабзавоту маҳсулоти буттамевагӣ тамоюли афзоиш дошта, истеҳсоли сабзавот 17,8 фоиз ва буттамевагиҳо 2,2 баробар зиёд гардидааст.
Ин раванд ба иттилои манбаъ ба зиёд шудани майдони кишт ва истифодаи технологияҳои муосири агротехникӣ рабт дорад.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО 1,3% афзудааст
Инчунин қайд карда шудааст, ки то 1 апрели соли 2026 кишти зироатҳои баҳорӣ дар майдони 118723 гектар гузаронида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3% кам мебошад.
“Камшавии кишти баъзе зироатҳо, аз ҷумла ғалладона, картошка ва сабзавот, зарурати андешидани чораҳои иловагиро ҷиҳати истифодаи пурраи захираҳои замин ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ба миён мегузорад”, - хабар додааст Агентӣ.
Ҳамзамон дар Тоҷикистон афзоиши кишти ҷуворимакка, зироатҳои хӯроки чорво ва пахта (1,6 фоиз) ба қайд гирифта шудааст.