ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Маркази фарҳангии "Дом"-и Маскав нахустин консерти сарояндаи боистеъдоди тоҷик, ки аксари сурудҳояш дар жанри лирикӣ ва ба забони шуғнонӣ садо медиҳанд, баргузор шуд.
Барномаи фарҳангӣ аз дигар консертҳо бо он фарқият дошт, ки он ба таври зинда ва танҳо бо гитору таблу борабанҳо бидуни сентизатор иҷро шуда, консерти акустикӣ буд.
Дар маркази диққат овози сароянда ва махсусан матни амиқи сурудҳо буданд, ки аз ишқу муҳаббат ва меҳру садоқат, қисса мекарданд.
Ба гуфтаи сароянда дар ташкили ин консерт ба ӯ ёру дӯстонаш кумак карданд ва дар баргузоркунии он ягон мушкилии ҷиддӣ пеш наомада буд.
"Дар Маскав бисёре аз мардуми мо ва ёру дӯстонам кору зиндагӣ мекунанд, барои ҳамин ман консерти нахустинамро ин ҷо баргузор кардам", - гуфт Шонеъмат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Барои дастгирии овозхон ёру дӯстон ва аҳли хонаводааш - падар, модар, бародарон ва ҳамсараш омада буданд.
© Foto / Аз бойгонии Шонеъмат
"Ман ифтихор мекунам, ки фарзандам инрӯз дар чунин фазои хуб, консерти нахустинашро баргузор мекунад. Сипос ба ҳамаи дастандаркорон ва ҳукумати Тоҷикистону Русия. Мо аз қадимулайём мардуми пулдор набудаем, вале бойгарии мо фарҳанг аст", - гуфт падари овозхон Содиқ Ҷафархонов ва ба писараш чанд ҷилд китобҳои нодирро ҳадя кард.
Шонеъмат давоми беш аз ду соат сурудҳои дӯстдоштаи мухлисон аз қабили "Вота ту живҷум", "Тут йи нафар", "Масти Зуҳро", "Живҷах бас" ва ғайраҳоро сароид.
Ӯ суруди "Гулен"-ро чунин бо маҳорат иҷро намуд, ки муҳоҷирони дур аз Ватанро ба ёду ёру диёр ва модарон бурда, гирёнд ва ҳамаро ба қадрдонии азизтарин шахси дунё - модар - даъват кард.
Овозхон гуфт, ин суруд дар репертуари ӯ ҷойгоҳи махсус дорад ва дар охир ба модараш як гулдастаи зебо туҳфа кард. Дар баробари ин овозхон бо суруди "Масти Зуҳро" ҳамаро ба рақс даровард.
Аслишо Акимбеков раҳбари ширкати "Bazm", ки муҷрии барномаи консертӣ буд, гуфт гарчанде аксари сурудҳои Шонеъмат ба забони шуғнонӣ садо медиҳанд, лаҳҷаи нотакрори иҷроиши ӯ барои мардуми русу, итолиёию, испанӣ аз чӣ қисса карданро, аён мегардонад.
Яъне овозхон бо ҳунараш - "Мусиқӣ сарҳад надорад"-ро, исбот кардааст.
Матни аксари сурудҳои Шонеъмат аз ашъори шоири муосир ва амаки сароянда Варқа Охонниёз гирифта шудааст, вале дар баробари ин ӯ аз ашъори классикони форсу тоҷик, чун Шамси Табрезӣ ва Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ низ сурудааст. Дар консерт ҳамчунин дӯстони овозхон ва ҳамзамон ҳунармандони боистеъдод, Фарҳод ва Нуриддин низ як ду суруд иҷро карданд.
"Шонеъмат дар ҳифзи забони шуғнонӣ нақши муҳим дорад. Ман аз дер боз эҷодиёти ӯро пайгирӣ мекунам, чун дар ҳамаи майдонҳои муосири мусиқӣ дастрасанд. Ҳамсинфонам, ки русзабон ҳастанд пурсон мешаванд, ки ин забони итолиёвӣ аст ё фаронсавӣ. Баъди ин консерташ фикр мекунам, мардум бештар ва беҳтар бо эҷодиёти ӯ ошно мешаванд", - гуфт Насима Матробова ихтиёрии фаъоли созмони ҷамъиятии "Нур", дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Дар саҳна барои Шонеъмат - Сорбон Акназарбеков, Табрез Ғуломшоев, Нуриддин Азимшоев, Сафо Давлатшоев ва Мунир Ҷафархонов навозандагӣ карданд. Ҳамчунин дӯст овозхон ва сарояндаи боистеъдод Фарҳод Қурбонхонов низ дар консерт ҳунарнамоӣ кард.
Консерти зиндаи акустикии Шонеъмат Ҷафархонов бо як анъанаи қадимию зебои бадахшонӣ - мадҳиясароӣ (жанре, ки дар он офариниши Парвардигор ва пайомбари Худо ситоиш карда мешаванд), ба анҷом расид.
Давоми беш аз ду соат, мухлисон баробари сароянда овозхонӣ мекарданду анҷоми ҳар сурудро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ва "Браво" истиқбол намуданд. Шонеъмат бо барномаи ҳунарияш ба мардуми бурунмарзии Тоҷикистон эҳсосоти зебо ва шоми хотирмонро ҳадя кард.