ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Тоҷикистониёни муқими Русия, ки дар шаҳри Екатеринбурги Ҳавзаи федералии Урали Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар як иқдоми башардӯстона ба мардуми аз офатҳои табиӣ осебдидаи Доғистон кумаки моддӣ ва маънавӣ расониданд.
Дар ин бора вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, тоҷикони муқими Русия ба мардуми Доғистон маблағ, таҷҳизотҳои сохтмонӣ, аз қабили семент, арматура, тахта, мехмаводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти заруриро ҷамъоварӣ намуда, барои дастгирии оилаҳои зарардида равона карданд.
“Ин иқдом намунаи равшани ваҳдат, ҳамбастагӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбад”, - қайд кардааст манбаъ.
Вазорат қайд кардааст, ки ташаббуси мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки новобаста аз дурӣ аз Ватан, тоҷикон ҳамеша дар ҳолатҳои душвор канори мардумони ниёзманд қарор гирифта, рӯҳияи кӯмакрасонӣ ва инсонпарвариро пуштибонӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари обхезӣ ва сел дар Доғистони Русия, дастикам чаҳор нафар ба ҳалокат расида, беш аз чаҳор ҳазор нафар аз маҳалҳои зисташон кӯчонида шудаанд.
Дар як моҳи ахир ин дувумин обхезии калон дар Доғистон аст. Як рӯз пеш дар Махачқалъа як бинои баландошёна фурӯ рехт.
Сокинони атрофи онро кучониданд ва дар ҳоли ҳозир се баландошёнаи ҳам дар вазъи хатарнок қарор доранд.
Ба навиштаи ТАСС, дар се минтақаи аҳолинишини Доғистон беш аз ду ҳазор манзил зери об мондааст.