Суғд ҳамарӯза то 1000 тонна ба бозорҳои Русия маҳсулот содирот мекунад

Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ миёни вилоят ва минтақаҳои Русия шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Вилояти Суғд ҳамкориҳои иқтисодиашро бо минтақаҳои Русия тақвият тақвият хоҳад дод.
Барои тақвияти ҳамкориҳо вилояти Суғд ва Русия раиси ин вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба шаҳри Маскави Русия сафар кардааст.
Дар доираи сафар нахуст дар Палатаи савдо ва саноати Русия мулоқоти дуҷонибаи Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ намуданд. .
Дар ҷаласаи Шӯрои соҳибкории Русияву Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зикр кард, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ рушд ёфта, меваҳои хушсифат, аз ҷумла зардолу, шафтолу, гелос, ангур ва анор истеҳсол мешавад.
Ба гуфтаи вай, дар вилоят зиёда аз 80 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, дар вақти мавсим ҳамарӯза то 1000 тонна маҳсулоти содиротӣ ба бозорҳои Русия интиқол дода мешавад.
Русия ба кишварҳои ИИАО наздик ба 9 млрд доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот кард
Дар баробари ин, ба рушди соҳаи саноат низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.
Қайд карда шуд, ки вилояти Суғд имкон дорад бо сармоягузории муштарак корхонаҳои навро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноати сабук ба истифода дода, истеҳсоли маҳсулоти тайёрро ба роҳ монад.
Ҳамзамон, имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд муаррифӣ гардида, ҷалби сайёҳон аз Русия яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ шуд.
Раиси Шӯрои соҳибкории Русияву Тоҷикистон Ислом Назаралиев зимни баромади худ экспедитсияи байналмилалии "Саёҳат ба қалби Авруосиё"-ро намунаи муваффақи чорабинии иқтисодиву фарҳангӣ номида, нақши вилояти Суғдро дар баргузории чорабиниҳои калидии он, аз ҷумла форуми "Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим" дар шаҳри Хуҷанд, муҳим арзёбӣ кард.
Русия барои рушди иқтисоди Тоҷикистон қариб 2 миллион доллар равон месозад
Ҳамчунин дар Маркази конгрессии Палатаи савдо ва саноати Русия муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Суғд баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз 200 намояндаи доираҳои соҳибкорӣ ширкат варзида, бо иқтидори иқтисодии минтақа аз наздик шинос шуданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои мулоқоту музокироти ҷонибҳо заминаи мусоидро барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Русия фароҳам оварда, ба таҳкими бештари муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар мусоидат менамояд.