ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар длодааст.
Ба иттилои Хадамоти матбуот, раисҷумҳури кишвар ба пойтахти Қазоқистон барои иштирок дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал сафар кардааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ин сафар Президенти кишварро муовини Сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣдоранд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2025 дар Остона ҷаласаи Раёсати Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор шуд, ки дар он муовинони сарвазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок карданд.
Дар он ҷаласа беш аз 40 лоиҳаи экологӣ барои ҳавзаи баҳри Арал баррасӣ шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2025 раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал (барои солҳои 2024–2026) Ҷумҳурии Қазоқистон бар уҳда гирифтааст.
Қаблан, Тоҷикистон раёсати Фондро бар уҳда дошт ва ҷаласаи охирини сарони давлатҳо дар давраи раёсати Тоҷикистон 15 сентябри соли 2023 дар Душанбе баргузор шуда буд.