ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Тоҷикистонро дар рӯзи якуми мусобиқа Меҳрзод Суфиев, Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов , Аҳлия Муъминова ва Мадина Қурбонзода муаррифӣ кардаанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа танҳо се ҷудокорони тоҷик соҳиби медалҳо шуданд.
Медали тиллоро дар вазни то 66 кг Эмомалӣ Нуралӣ соҳиб шуд. Дар роҳ ба сӯи финал ӯ бар намояндагони Муғулистон Чин ғолиб омада ба финал роҳ ёфт.
Дар финал ду паҳлавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ рақобат карданд. Дар натиҷа Эмомалӣ Нуралӣ ғолиб омада, медали тиллоро соҳиб шуд.
Обид Ҷебов ба гирифтани медали нуқра ноил шуд. Обид дар роҳ ба финал бар ҷудокорон аз Кореяи Шимолӣ, Муғулистон ва Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуд.
Бояд қайд кард, ки дар корномаи Эмомалӣ Нуралӣ дар Чемпионати Осиё ин медали тилло аввалин ба ҳисоб меравад. Соли гузашта, Эмомалӣ медали биринҷӣ гирифта буд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Нуралӣ пас аз 9 сол ба Тоҷикистон медали тилло аз Чемпионати Осиё меорад. Охирин маротиба соли 2017 дар Ҳонконг паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба гирифтани медали тиллои Чемпионати Осиё ноил шуда буд.
Обид Ҷебов соли гузашта, медали биринҷӣ гирифта буд ва имсол онро ба нишони нуқра иваз намуд, ки беҳтарин натиҷа дар корномаи варзишияш дар мусобиқаҳои Осиёӣ маҳсуб мешавад.
Мадина Қурбонзода низ дар ин мусобиқа соҳиби медали биринҷӣ ноил гардид. Мадина дар даври аввал бар намояндаи Ҳонконг ва Ҳиндустон пирӯз шуд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт.
Дар марҳилаи нимниҳоӣ Мадина аз намояндаи Муғулистон - Мягмарсурен Нандин-Эрдэнэ шикаст хӯрда, дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар намояндаи Ҳонконги Чин - Тсуи Шук ғолиб омад.
Қайд карда шудааст, ки беҳтарин натиҷа миёни духтарон дар мусобиқаҳои Осиёӣ ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Ордоси Чин аз 16-ум то 18-уми апрел идома меёбад.
Дар мусобиқа 197 ҷудокор аз 19 кишвари қора иштирок доранд. Тоҷикистонро 13 ҷудокор дар ин мусобиқа муаррифӣ доранд.