Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вэнс аз қатъи маблағгузории Киев гуфт

Вэнс ӯҳдадории худро барои қатъ кардани маблағгузорӣ барои Украина тасдиқ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Ноиби президенти ИМА Ҷей Ди Вэнс гуфт, ки Вашингтон набояд сарпарасати низоъ дар Украина бошад.
"Ман гуфтам, ки мо бояд маблағгузории ҷанги Украинаро қатъ кунем. Ва ман то ҳол ба ин бовар дорам", - гуфт ӯ дар чорабинии Turning Point USA дар Донишгоҳи Ҷорҷия.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, яке аз муваффақиятҳои маъмурияти президент Доналд Трамп қарори қатъи хариду фурӯши силоҳ ба Украина аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида буд. Вэнс таъкид кард, ки аз ин дастовард аз ҳама бештар ифтихор мекунад.
Дар моҳи феврал Кохи Сафед эълон кард, ки Вашингтон дигар силоҳро аз щисоби Амрико ба Киев интиқол намедиҳад, балки онҳоро ба кишварҳои НАТО мефурӯшад, ва сипас Украина ба ин силоҳҳо дастрасӣ пайдо мекунад. Трамп баъдтар изҳор дошт, ки агар ӯ ба ҷои президенти собиқи ИМА Ҷо Байден президент мебуд, ба режими Владимир Зеленский ягон кӯмак намерасонд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров дар бораи ояндаи Ховари Миёна ва нақшаҳои Ғарб нисбат ба Украина гуфт
Дар аввали моҳи июли соли гузашта Politico хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида фиристодани мушакҳои зиддиҳавоӣ ва дигар лавозимоти ҷангиро ба Украина қатъ кардааст. Иддао шуда буд, ки Пентагон интиқолро аз сабаби нигарониҳо дар бораи кам шудани захираҳо боздоштааст.