ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Созишномаи иловагӣ сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати "Авесто Гурӯҳ" ва ширкати "Artel Engineering and Management"-и Узбекистон ба имзо расид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Қаблан созишномаи сармоягузорӣ дар бораи сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии "Artel Avesto Electronics" дар шаҳри Душанбе 12 декабри соли 2019 ба имзо расонида шуда буд.
Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ лоиҳа се марҳиларо дар бар мегирад.
Дар марҳилаи якуми лоиҳа соли 2019 иқтидори истеҳсолии солонаи корхона ба 70 ҳазор техникаи маишӣ расонида шуда, дар марҳилаи дуюм дар соли 2021 60 ҳазор мошинаи ҷомашӯӣ ва 10 ҳазор телевизор истеҳсол гардида, иқтидори истеҳсолӣ то 140 ҳазор афзоиш ёфт.
Марҳилаи сеюми лоиҳа солҳои 2026–2028-ро дар бар мегирад. Дар доираи он тавсеаи истеҳсоли яхдонҳо то 100 ҳазор адад ва истеҳсоли кондитсионерҳо то 50 ҳазор адад пешбинӣ гардидааст.
Инчунин ба иттилои манбаъ, бунёди корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Қайд карда шудааст, ки иқтидори умумии истеҳсоли солонаи корхона то ба 300 ҳазор техника расонида мешавад.
Татбиқи лоиҳа ба таъсиси ҷойи нави кор, рушди истеҳсолоти ватанӣ, локализатсияи раванди истеҳсолот, ғанигардонии буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки ашёи хоми дохилӣ мусоидат мекунад.
Он ҳамзамон барои ташаккули занҷираи арзиши иловашуда ва пешбурди саноатикунонии босуръати мамлакат замина фароҳам меорад.