Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Вйетнам барқияи табрикотӣ ирсол кард

Ба гуфтаи президенти Тоҷикистон ду кишварро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории судманд дар қолабҳои гуногун ба ҳам мепайванданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба gрезиденти Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Дар номааш кишвардор ҳамтояшро ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси президент муборакбод гуфтааст.
"Интихоби Шумо ба ин маснади олӣ дастгирии васеи ҷомеаро аз сиёсату ташаббусҳои стратегии Шумо, ки ба рушди ҳамаҷонибаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишваратон нигаронида шудаанд, боз ҳам тасдиқ мекунад", - омадааст дар барқияи шодбошӣ.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки таҳти роҳбарии ин президент, Вйетнам дар роҳи рушди устувор дар оянда низ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардида, мақому манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким хоҳад бахшид.
Аз муносиботи Тоҷикистону Вйетнам ёдовар шуда, Раҳмон гуфтааст, ки ду кишварро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории судманд дар қолабҳои гуногун ба ҳам мепайванданд.
"Мо ҷонибдори таҳкиму тавсеаи шарикӣ ва робитаҳои байнидавлатии ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошем ва аз дурнамои он хушбин ҳастем", - гуфтааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Тиҷорат байни кишварҳои ИИАО ва Ветнам дар тӯли 10 сол 60% афзоиш ёфтааст
Дар ин росто президенти Тоҷикистон гуфт, омода аст ҷиҳати пешбурди ин раванд, аз ҷумла тавассути муколамаи созандаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ ин муносиботро идома диҳанд.