ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) санадеро, ки равишҳои умуми барои додани иҷозатнома барои мошинҳои боркаши калонҳаҷм ва вазнин барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)-ро муқаррар мекунад, тасдиқ кард.
Тавсияҳо ба додани иҷозатномаҳои махсус ва мӯҳлати эътибори онҳо, шакли ягонаи дархост ва маълумоти дар он мавҷудбударо дар бар мегирад.
Ба кишварҳои узв тавсия дода мешавад, ки як мақоми ягонаи ваколатдорро барои додани чунин ҳуҷҷатҳо таъин кунанд.
Тибқи тавсияҳо, мӯҳлати додани иҷозатнома чунин хоҳад буд:
Дар 24 соати корӣ аз бақайдгирии дархост, агар тасдиқи масир талаб карда нашавад;
10 рӯзи корӣ, агар тасдиқи масир талаб карда шавад;
3 соат дар ҳолати фавқулодда.
Худи иҷозатнома бояд на бештар аз 135 рӯзи тақвимӣ эътибор дошта бошад. Ариза барои ҳамлу нақли байналмилалӣ метавонад на камтар аз 45 рӯзи тақвимӣ пеш аз санаи банақшагирифташудаи оғози сафар пешниҳод карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.