Аз хориҷа ба Душанбе давандаҳо меоянд: Дар рӯзи пойтахт ниммарафон баргузор мешаваад

Қарор аст дар ниммарафони байналмилалӣ варзишгарони тоҷик ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон иштирок намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон 18 апрел дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора аз мақомоти шаҳри Душанбе хабар додааст.
“Ниммарафони XVI байналмилалӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе доир шуда, дар он варзишгарони тоҷик ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон иштирок менамоянд”, - қайд намудааст манбаъ.
Мусобиқаи байналмилалӣ бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодию иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.
Тоҷикистон мизбони сабқати бонуфузи "Grand Slam 2026" мешавад
Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт дар баробари ниммарафони Душанбе инчунин дигар мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангиву оммавӣ ва озмунҳо баргузор карда мешаванд.
Бояд қайд кард, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаи Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур дохил шудааст.
Танҳо соли 2020 ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.