ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон хабар додааст, ки афроди алоҳидае барои ба даст овардани манфиати молӣ гурӯҳе аз шаҳрвандонро бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурдаву сарсон кардаанд.
“Айни замон ин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва Сафорати кишвар дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои баргаштан ба Ватан кумак мехоҳанд”, - қайд кардааст Кумитаи дин.
Имн ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки ин афрод бо таҳияи бейҷикҳои тақаллубӣ шаҳрвандонро бовар кунонидаанд, ки барои адои маросими ҳаҷи фарзӣ ба онҳо кумак менамоянд.
“Дар ҳоле, ки бейҷикҳо аслан қувваи ҳуқуқӣ надошта, ҳеҷ гуна кафолати будубоши қонунӣ дар мавсими ҳаҷро дода наметавонанд”, - таъкид кардааст Кумита.
Зикр гардидааст, ки адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ танҳо дар асоси тартиботи расмии муайяншуда ва тавассути сохторҳои ваколатдори давлатӣ имконпазир мебошад.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба ваъдаи бардурӯғи шахсони манфиатхоҳ бовар накунанд, зеро тибқи талаботи Вазорати ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зоирони мавсими имсолаи ҳаҷ кайҳо анҷом ёфтааст ва пас аз ин ҳеҷ ширкати сайёҳӣ ё афроди миёнарав имкони таҳияи асноди заруриро надоранд.
“Ҳама гуна кӯшиши адои ҳаҷ бо роҳҳои ғайрирасмӣ метавонад пайомадҳои сангин дошта бошад”, - қайд кардааст ин ниҳоди давлатӣ.
Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо чунин ҳолатҳо бамутахассисони ин ниҳод тамос бигниранд.