ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Мақомоти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин танзими ва ҷашну маросими Тоҷикистон бо роҳбаладони вилояти Хатлон дар бораи мавсими ҳаҷҷи фарзии соли 2026 суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар ин бора мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст.
Мақомоти хатлон қайд кардааст, ки вохӯрӣ бо мақсади иҷрои талаботи моддаи 13-и Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" доир гардид.
© Foto / Пресс-служба администрации Хатлонской области
Зимни дидор мақомот ба роҳбаладон дастуру супоришҳои додааст, ки роҳбаладон то оғози сафари ҳаҷҷи фарзӣ бо шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки барои адои ҳаҷҷи фарзӣ номнавис шудаанд, вохӯриҳо баргузор намоянд.
Мақомот аз роҳбаладон хостааст, ки онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз анъанаҳои нолозим, аз қабили ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ тақвият бахшанд.
Бо зиёдтар шудани теъдоди зойирони тоҷик, ингуна маъракаҳо дар Тоҷикистон ҳам бештар шудааст, агарчӣ бар асоси қонун ҳоҷизиёрату зиёфатҳои бошукӯҳ манъ аст.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки тибқи моддаи 13-уми қонуни танзим ташкили маъракаҳои Ҳоҷиталбон, Ҳоҷизиёрат ва Ҳоҷиоширо манъ ва барои вайрон кардани ин банди қонун ҷарима пешбинӣ кардааст
Мақомоти Хатлон таъкид кардааст, ки мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва риояи талаботи қонунгузории амалкунанда дар ҷомеа мебошад.