ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Тоҷикистон созишҳоро вобаста ба оташбас, ки байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даст омадаанд, бо хушнудӣ истиқбол менамояд, гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии кишвар.
“Умедворем, ки музокираҳои дар рӯзҳои наздик байни тарафҳои низоъ пешбинишуда ба сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа оварда мерасонанд”, - қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Ҳамчунин Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар мегардонад ва ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад мерасонад.
ВУХ-и Тоҷикистон бори дигар аз тарафҳои низоъ даъват кард, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашида, роҳҳои сиёсӣ-дипломатиро дар асоси меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Низомномаи СММ ба кор гиранд.
Пештар аз ин баёния, Эрон ва Амрико бар сари оташбаси дуҳафтаӣ дар ҷанг ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз созиш карданд.
Ахиран Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, дар пайи гуфтугӯ бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Осим Мунир, фармондеҳи артиши ин кишвар, ба оташбаси ду ҳафтаӣ дар ҷанг бо Эрон, мувофиқат кардааст.
Трамп ҳамчунин аз дарёфти як пешниҳоди иборат аз 10 банд аз сӯи Эрон хабар дод ва гуфт, ин пешниҳод метавонад асосе барои музокирот бошад.
Президенти Амрико ин таҳаввулро гоме муҳим дар масири ҳаллу фасли яке аз бӯҳронҳои қадим ва даст ёфтан ба сулҳ дар Ховари Миёна хондааст.
Эълони оташбас ба муддати ду ҳафта дар ҷанги Эрону Амрико пас аз он садо дод, ки Трамп ҳушдор дода буд, ки нерӯгоҳҳо ва пулҳои Эронро ҳадаф қарор медиҳанд.