Дар ИДМ, ИИАО ҷараёни гузариш ба асъорҳои миллӣ дар тиҷорат ба анҷом расид

Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия дар дохили Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) 93% додугирфт бо асъори милла сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук гуфт, ки ҷараёни гузариши ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ дар тиҷорат бо кишварҳои ИДМ, Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва Чин ба анҷом расид .
"Муҳимтарин самт таъсиси низоми пардохт ва ҳисоббаробаркунӣ мебошад, ки вобастагиро аз бонкҳои Ғарб ва асъори онҳо кам кунад. Дар тӯли чор соли охир мо ба ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллӣ гузаштем", - таъкид кард Алексей Оверчук.
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир 91% ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила дар дохили ИДМ бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд;
Ҳамчунин дар дохили Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) 93% додугирфт бо асъори милла сурат мегирад.
Дар тиҷорати мутақобилаи Русия бо Чин ин рақам ба 95%расидааст.
Маълум шуд музди меҳнат дар кишварҳои ИИАО ва Тоҷикистон чӣ қадар боло рафтааст
Ба гуфтаи муовини сарвазир, ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки гузариш ба асъори миллӣ қариб пурра ба анҷом расидааст.
Ин ба кишварҳои узв имкон медиҳад, ки вобастагии худро аз бонкҳои Ғарб кам кунанд ва системаи ҳисоббаробаркунии устувортарро таъсис диҳанд.
Алексей Оверчук дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки дар он самтҳои калидии ҳамгироии иқтисодӣ, аз ҷумла рушди системаҳои пардохт ва ҳамкории молиявӣ, анъанавӣ баррасӣ мешаванд, изҳори назар кард.